ТАРБИЯИ ДУРУСТИ ФАРЗАНД ДУРАХШОН ГАРДИДАНИ ОЯНДАИ ВАТАН АСТ

Мударриси номии мадрасаи “Низомия”, адиби аҳди Салҷуқиён Абӯҳомид Аҳмад ибни Муҳаммади Ғаззолии Тӯсӣ дар бораи масъулияти падару модар чунин изҳори ақида карда буд: “Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад, падару модар дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳарчӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун”. Ҳамчунин хирадманди дигаре дар ин самт чунин гуфтааст: кишт — некии яксола, боғ — некии даҳсола ва тарбия барои асрҳост.

Ин суханони тиллоӣ ҳар як падару модарро водор месозад, ки ба таълиму тарбияи фарзанд аҳамияти калон дода, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, маърифатпарварию донишандӯзӣ, тарбия намуда тамоми ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва нангу номуси миллиро дар қалби фарзандон ҷой намоянд. Боиси таассуф аст, ки имрӯз баъзе аз падару модарон барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандони худ бепарвоӣ намуда нисбати ҳаёту зиндагии онҳо беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд.

Қисми дуюми моддаи 34-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд масъул донистааст. Ҳамзамон, бо мақсади масъул гардонидани падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд аз 2-юми августи соли 2011, №762 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул гардид, ки дар заминаи меъёрҳои Конститутсия ҳамчун қонуни миллӣ мавриди амал қарор гирифта, дар низоми қонунгузории кишвар мавқеъи олиро пайдо намуда, тамоми масъалаҳои таълиму тарбияро дар бар мегирад ва ҳамчун як роҳнамои ҳаётӣ падару модаронро дар таълим ва тарбияи дурусти фарзанд ӯҳдадор кардааст.

Фаромӯш набояд кард, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми вохӯриву суханрониҳояшон насли ҷавону наврасро ояндасози давлату миллат мешуморанд. Зимни яке аз суханрониҳояшон таъкид намуда буданд, ки “аҳли ҷомеа бояд ба масъалаи сифати таълиму тарбия диққати ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани маърифатнокию ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон саҳми арзанда гузоранд”.

Барои дурахшон гардонидани фардои давлату миллат дар қатори волидайни муҳтарам аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонем аз имрӯз таҳкурсии мустаҳкам гузошта, насли навраси миллат ва фарзандони худро дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба муқадассоти миллӣ ва давлатдорӣ тарбия намоем.

Падару модаре, ки мехоҳанд фарзанди силимақлу бедордил дошта бошанд, бояд аз рӯзҳои аввали ба дунё омадани фарзанд тарбияро оғоз намуда, аз болои ҳар амалу кирдорҳои ӯ назорати ҷиддӣ баранд, ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд, барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанд шароит муҳайё намоянд, гаштугузори фарзанди то шашсоларо бе ҳамроҳии шахси аз чордаҳсола боло дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ иҷозат надиҳанд, шаъну шарафи фарзандро эҳтиром намоянд ва ба муомилаи бераҳмона нисбат ба ӯ роҳ надиҳанд, дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ рафтани фарзанди то бистсолаашонро манъ намоянд, кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиён, халалдор намудани оромӣ, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кӯчаҳо, хиёбонҳо, майдонҳо, муассисаҳои фароғатӣ, дохили нақлиёт, хобгоҳҳо, манзили зист, дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муносибати тахрибкоронаи фарзандро ба муҳити зист пешгирӣ намоянд, ба фарзанди то синни мактабӣ ва фарзанде, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, таҳсил мекунанд, бо худ овардан ва истифодаи телефонҳои мобилиро манъ намоянд, ба фарзанд тамошои филмҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, зӯроварӣ, экстремистӣ ва террористиро манъ намоянд, аз тарафи фарзанд мақсаднок ва мувофиқ ба таълиму тарбияи ӯ истифода шудани интернетро назорат намоянд ва ба ин монанд. Фарзанд аз ҳама ганҷинаи ноёфт ва сарчашмаи тамоми хушбахтиҳои оила мебошад. Тамоми амалу кирдорҳое, ки волидайн ба анҷом мерасонад, мумкин аст кӯдаки хурдсол бо дидани он амалҳо як шахсияти номдор ё ин ки баракс ба воя расад.

Ҳамзамон, дар баробари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор дорад, ки тибқи моддаи 90-и он падару модару модарони бемасъулият ва дар таълиму тарбияи фарзанд бепарво, барои риоя накардани ӯҳдадорӣ дар таълиму тарбияи фарзанд ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

Бояд фаромӯш накунем, ки дар таълиму тарбияи фарзандон дар ҳама дувру замон саҳми омӯзгорон нақши муҳим дорад. Падару модарро зарур аст, ки нисбати омӯзгорон ғамхору меҳрубон будан, эҳтироми устодонро дар қалби фарзандони худ бедор намуда, барои дуруст тарбия намудани насли наврас бо омӯзгорон дар ҳамкории зич бошанд.

Падару модарони азиз ва шаҳрвандони кишвари маҳбубамон набояд фаромӯш кунанд, ки онҳо боғбон ва насли наврас навниҳол ҳастанд. Агар мо номуси миллии худро аз ин дида болотар гардонему ҳамчун боғбони асил дар тарбия ва нигоҳубини навниҳолони миллати худ саҳм гузорем, оянда ин дастпарварони мо метавонанд чун дарахтони серҳосил номбардору ифтихори давлату миллат гарданд. Аз ин рӯ моро лозим аст, ки барои дурухшонии ояндаи фарзанд ва некуаҳволии онҳо бо дарки масъулияти баланд вазифаи ҷонии худро эҳсос намуда, фарзандони худро барои анҷоми амалҳои нек, омӯзиши илму ҳунар, аз худ намудани илм, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва созандагии диёри биҳиштосоямон тарбия намуда онҳоро ҳамчун фарзандони содиқи миллат ва ватани маҳбуб ба воя расонем.

К.Каримов, омӯзгори МТМУ №10

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *