Нимаи аввали рӯзи 11 марти соли равон дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе зери унвони “Саҳми ман дар шаҳри ман” аксияи экологии «Нозирони сабз» баргузор гардид. Дар ҷараёни аксияи дастаҷамъона хонандагон саҳми хешро барои тозаву озода нигоҳ доштани фазои экологии пойтахти азизамон гузоштанд.


