ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ВАБОИ АСР

Терроризм ва экстремизм мафҳумҳое ҳастанд, ки имрӯзҳо тамоми аҳли башарро дар ташвиш гузоштаанд. Беҳуда ин мафҳумҳоро вабои аср номгузорӣ накардаанд. Ҳамарӯза чи аз тариқи воситаҳои ахбори умум ва чи аз садою симо ва шабакаҳои интернетӣ инқадар нохушиҳову нооромиҳоро мебинему мешунавем, ки бешубҳа, ҳамаи ин ҳолатҳо маҳз ба ҳамин вабои аср алоқамандӣ доранд.

Санаи 4-уми майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгарории хушунатомез” баргузор гардида буд, ки дар кори он намояндагони зиёда аз 50 давлати дунё иштирок доштанд. Дар кори конфронси байналмилалии сатҳи баланд масъалаҳои доғи рӯз – терроризм ва ифротгароӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, бори дигар мардумро огоҳ намуданд, ки зиракиро аз даст надода, амнияти давлат ва ҷомеаро пурзӯр намоянд. Инчунин, намояндагони давлатҳои мухталиф фикру мулоҳизаҳои худро доир ба ин вабои аср иброз доштанд.

Аз ҷумла, дар кори конфронс намояндагони созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои зиёди дунё дар шахси муовини Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид, Роҳбари дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков ва Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Томас Гремингер иштирок ва баромад намуданд.

Маврид ба қайд аст, ки конфронси мазкур дар Кохи Сомон баргузор гардида, дар он Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва бо нутқи пурмуҳтаво баромад карданд.

Мафҳуми терроризм ва экстремизм барои ҳар як халқу миллат ташвишовар ва дар навбати худ тарсовар мебошад. Қисми зиёди шахсоне, ки ба амалҳои ношоистаи ифротгароӣ даст мезананд, маърифати ҳуқуқӣ, дониши кофӣ ва ҷаҳонбинии васеъ надоранд. Маҳз нафароне, ки дину имон надоранд, пайваста дар фикри корҳои ношоям, нооромии ҷомеа ва ҷангу ҷидол мебошанд. Дар натиҷаи нооромиҳое, ки аз тарафи ин гуруҳҳои ҷоҳил ба амал меоянд, қисми зиёди мардум бехонумон гашта, боиси хунрезиҳои зиёде мегардад, ки мутаассифона, дар байни онҳо шумораи занон ва кӯдакон зиёд ба назар мерасад.

Маҳз ҳамин масъала дар баромади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси сатҳи баланд мавқеи калидӣ дошт. Дар баромад қайд гардид: “Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад”.

Хулоса, агар аз як тараф гузаронидани чунин як конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе пеш аз ҳама Тоҷикистонро ҳамчун пешоҳанги мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳон муаррифӣ намояд, баъдан, ҳар як фарди бофарҳанг, бонангу баномус ва ватандӯстро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии худро аз даст надода, бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, то насли наврасро дар руҳияи ватандӯстию меҳнати ҳалол тарбия намоем.

Чуноне, ки шоири бузург мефармояд:

Биё то ҷаҳонро ба бад наспарем,

Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.

Назирзода М.М.

директори МТМУ №50-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *