Қобили қайд аст, китерроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) дар мавқеи умумиҷаҳонӣ хатари калони иҷтимоиро ба бор оварда, ба амнияти кишварҳои гуногун бевосита таҳдид намуда истодааст. Ин аст, ки ҳар падару модар дуо мекунад, ки фарзанди ҷигарбандаш ҳеҷ дарду ғамро набинад. Беш аз ин тавлиди фарзандро ҳама бо хурсандӣ интизоранд.
Қобили қайд аст, ки бо мақсади пешгирии ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ҷумҳурии мо ҳам соли 2005 Қонун “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”-ро қабул кард. Дар қонуни зикршуда маҳфуми терроризм кушода шудааст, ки ин ҳам бошад, зӯроварӣ ё таҳдид ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ҳамчунин, нобуд сохтани амвол ва ё оқибатҳои ба ҷамъият хавфнок, ки ба мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ инчунин сӯйиқасд ба ҳаёти ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бо мақсади суст кардани сохти конститутсионӣ ё амнияти давлат ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналмилалӣ ва ғайраҳо оварда шудааст. Маҳфуми фаъолияти террористӣ чунин амалҳоро дар бар мегирад: ташкил, банақшагирӣ, омодагӣ ва содир намудани амали террористӣ; иғво андохтан ба амали террористӣ; ташкили воҳидҳои ғайриқонунии мусаллаҳ; таъмин додан ва истифодаи онҳо; бо маблағ таъмин кардан.
Дар баробари ин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи ягона оид ба мубориза бар зидди терроризм ваэкстремизм қабул шудааст, ки дар он нуқтаҳои мубориза бар зидди терроризм инъикос ёфтаанд.
Ногуфта намонад, ки кирдорҳои террористӣ ва экстремистӣ мутобиқи Кодекси ҷиноятии ҶТ ҳамчун ҷиноятҳои вазнин эътироф шуда, дар боби 21-и кодекси мазкур нишон дода шудаанд. Мувофиқи иштирок волидайн дар пешгирии терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуб ба таври зерин гурӯҳбандӣ шудааст:
1. Оилаи сарпараст – аъзои фаъоли пешгирӣ.
2. Оилаи сироятнопазир – мустаҳкамгардон.
3. Оилаи бетараф вазифаҳои тарбиявӣ ва амнияти худро аз уҳдаи худ дур месозад.
4. Оилаи дорои назорати қатъии фарзандон.
5. Оилае, ки қобилияти иҷро намудани вазифаи тарбия ва фароҳам овардани амнияти оиларо надорад.
Ҳамаи ин оилаҳоро аз назари психологӣ мушоҳида карда, суоле ба миён меояд, ки аз кадоме ин оилаҳо ноболиғони бетарбия ё ба қавле терорист дар байни онҳо ба вуҷуд меояд. Албатта, оилаи сеюм ва панҷум. Яъне дар ин оилаҳое, ки аъзоёнаш аз ҳамдигар ҷудоанд, таҳдиди тероризм ба ноболиғони онҳо таъсири бештар мекунад. Ё ин ки ноболиғон беназорат монда, озодии пурраро соҳибанд. Волидон аз уҳдаи тарбияи худ даст кашида, онҳоро ба ҷомеа ҳавола мекунанд. Ин ду оила ба кумак муҳтоҷанд, аммо дар баъзе мавридҳо онҳо сар намефуроранд, ки ин боиси ба дами офат ё балои терроризм гирифтор шудани ноболиғон мегардад.
Дар баробари муҳит оила ҳамчун манбаи хатари шомил шудани ноболиғон ба гурӯҳҳои террористӣ мебошад. Дар бисёр мавридҳо волидон ин гурӯҳҳои ифротгароро дастгирӣ мекунанд, чунки онҳо аз маълумотҳо ва маҳорати педагогӣ бехабаранд. Бинобар ин зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни чунин оилаҳо зиёд кунем. Барои пешгирии терроризм дар байни ноболиғон бояд оила дар сафи пеши зиндагӣ бошад, чунки бе оилаи солим фарзанди он ба ҷамъият манфиатовар намешавад.
Мо дар хотир дорем, ки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 “Соли маориф ва фарҳанги техникӣ” эълон намуда буд. Ин иқдом ба хотири рушди маориф, тарғиби илмҳои дақиқ ва густариши донишу маърифати ҷомеа, аз ҷумла насли наврас гардида буд. Яъне мақсад аз роҳи бад гардонидани ноболиғон асосан ба воситаи дониш аст.
Дар муассисаҳои таълимӣ чанд омилро ба назар гирифтан аз ин амалҳои номатлуб ҷилавгирӣ карда метавонад. Аввалин коре, ки лозим аст, мустаҳкам гардонидани робита бо оила аст. Дар ин кор нақши роҳбарияти мактаб, бахусус, ҷонишини директор оид ба тарбия ва роҳбарони синф бештар аст. Дуруст аст, ки ҷалби падару модар дар шароити имрӯза осон нест, вале тавассути маҷлисҳои синфиву мактабии падару модарон, дарсҳои кушоди тарбиявӣ, чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ иҷрои ин кор осонтар ба даст меояд.
Мутаассифона, дар мо алҳол шаклҳои баргузории маҷлисҳои синфӣ ба он дараҷае муайян нашудаанд, ки тавонад ҳамеша падару модаронро ба ҳам биоранд. Дар ҳоле ки мо қонун “Дар бораи масъулияти падару модар” дорем, саҳлангорӣ нашояд. Чун дар қонун Рӯзи падару модар ҳам таъкид ёфтааст. Падару модар бе баргузории маҷлисҳо ҳам вазифадоранд, ки ҳафтае як рӯз ба мактаб рафта, бо омӯзгорони фарзандонашон ҳамсуҳбат шаванд, аз фаъолияти фарзандон огаҳ шаванд.
Бояд гуфт, ки омили дигар дар ин кор ба фаъолияти равоншиноси мактаб вобаста аст. Дар мавридҳое ки хонанда мушкил эҷод мекунад, маҳз суҳбати равоншинос бо ӯ ва волидону омӯзгоронаш таъсири созгор мерасонад. Ин ҳам ҷои таассуф аст, ки дар мактабҳо ба ин масъала хунукназарона муносибат менамоянд.
Хулоса, барои мубориза бурдан ба терроризм дар байн ноболиғон бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулият эҳсос намоянд, дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои давлатӣ бо он мубориза баранд ва ҷомеаро аз гирдоби дардноки оқибати он эмин доранд. Дар мактаб вохӯриро бо падару модарон дар кабинетҳои фаннӣ гузарондан самараи бештар дорад. Чунки падару модар шароити таълимии фарзандашонро дида, муносибатро ҷиддитар мегардонанд.
Ойзода Фаридун
директори МТМУ №97-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе