ТАБРИКОТИ БАҲРОМ ИСМОИЛЗОДА- САРДОРИ САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА МУНОСИБАТИ 111-СОЛАГИИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК

Муҳтарам кормандони васоити ахбори омма, намояндагони аҳли қалам!

Дар замони муосир воситаҳои ахбори омма, бахусус матбуот, ҳамчун як рукни муҳими сиёсӣ ва маънавии ҷомеа дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, баланд гардидани маърифати мардум, пойдории адолату воқеияти рӯзгор ва махсусан рушди маориф нақши муассир дорад.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадр ва манзалати матбуоти тоҷик низ баланд гардида, барои фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст.

Ҳамзамон, бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли 2019 барои омӯзгорони муассисаҳои таълимии пойтахт маҷаллаи илмию методии “Маорифи Душанбе” таъсис дода шуд, ки барои такмили маҳорат ва таҷрибаи омӯзгорони пойтахт нақши муҳим мебозад. Инчунин, барои тарбиягирандагону хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт нашрияи»Салом оянда»-и Муассисаи давлатии»Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» фаъолият дорад, ки пайваста маводи ҷолибидиққатро рӯйи чоп меорад.

Дар ин замина, аз соли 2020 гуруҳи расмии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, ютуб-канали Сарраёсати маориф, саҳифаҳои иҷтимоии муассисаҳои тобеи Сарраёсати маориф ва муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии шаҳри Душанбе фаъолият доранд, ки ҳамарӯза аз навгониҳову дастовардҳои соҳа ба таври васеъ хабару гузоришҳо инъикос мегардад.Боиси хушнудист, ки дар шаҳри Душанбе теъдоди зиёди нашрияҳои чопӣ, телевизиону радиоҳо фаъол буда, барои пурра намудани фазои иттилоотии кишвар саҳми назаррас гузошта, имкон медиҳад, ки ҷомеаи муосир бо ахбори саҳеҳу дақиқ дастрасӣ пайдо намояд.

Бо камоли эҳтиром, бо истифода аз фурсати муносиб дар Рӯзи таҷлили матбуоти тоҷик қаламкашон, кормандони маҷаллаву рӯзномаҳо ва дар симои онҳо тамоми кормандони васоити ахбори оммаи ҷумҳуриро, ки барои инъикоси дастовардҳои соҳаи маорифи шаҳри Душанбе саҳми назаррас доранд, аз самими қалб таҳният гуфта, ба якояки онҳо дар ҷодаи татбиқи ҳадафҳои неки умумимиллӣ ва иқдомҳои созандаи фардӣ бурдборӣ таманно мекунам.

Иди матбуоти тоҷик муборак, ҳамдиёрони азиз.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *