«ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ». Хонандагони шаҳри Душанбе дар ин озмун маҳорати ихтироъкории худро месанҷанд

Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ байни хонандагони синфҳои 9-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт Озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ҷараён дорад. Иштирокчиёни  озмун дар ду шарт (назариявӣ ва амалӣ) аз рўйи номинатсияҳои барномасозӣ,   меъморӣ,  моделсозӣ,  радиоэлектроника,  робототехника,  сайёҳӣ – кишваршиносӣ ва  табиатшиносӣ маҳорат нишон медиҳанд.

Тавре дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода иброз дошт, озмуни мазкур ҷиҳати амалисозии тадбирҳо вобаста ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ташкил ва гузаронида мешавад.

Озмун аз се давр иборат буда, аз моҳи январ то моҳи апрел ба таври зайл гузаронида мешавад:

даври якум – нимаи аввали моҳи марти соли 2023 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;

даври дуюм – нимаи дуюми моҳи марти соли 2023 дар сатҳи ноҳияҳо бо иштироки ғолибони даври якум;

даври сеюм (шаҳрӣ — асосӣ) – ҳафтаи якуми моҳи апрели соли 2023 бо иштироки ғолибони даври дуюм.

Ҳадафи он рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омўзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо ва дар ин замина мусоидат намудан ба наврасон дар интихоби касб аз рӯйи ихтисос ва касбҳои ба фанҳои мазкур алоқаманд мебошад.

Дар ҳар давр вобаста ба ҳар номинатсия то 3 ғолиб  (ҷои якум – 1 нафар, ҷойи дуюм –  1 нафар, ҷойи сеюм –  1 нафар) муайян карда шуда, ба онҳо мукофотпулӣ бо маблағи аз 3000 сомонӣ то 15 ҳазор сомонӣ дода мешавад.

Ба омӯзгорони ғолибони озмунҳо дар сурати мавҷуд будани шартномаи байни роҳбари муассисаи таълимӣ дар бораи омода намудани довталаб мукофотпулӣ дода мешавад.

Инчунин волидайни ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун бо Ифтихорномаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳавасманд карда мешаванд.

Маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун дар Рўзи пойтахт доир мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *