Имрӯз, 18 март дар Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе чорабинии идона бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ гузаронида шуд.
Муҳтавои маънавии чорабинӣ бо шеъру осори адибони классику муосир, муҳтавои фарҳангӣ бо либос ва урфу одоти сокинони ҳамаи минтақаҳои кишвар ва муҳтавои таърихӣ бо нишон додани суннатҳои наврӯзӣ ғанӣ сохта шуданд.
Баҳори рамзӣ ба садои наю хандаи атфол ва Наврӯзи рамзӣ бо аспи саманд вориди майдони идона гардида, аз шукӯҳи ҳамдигар дар кишвари Ваҳдат — Тоҷикистони биҳиштосо ҳарф гуфтанд. Дар идома сару либос ва урфу анъанаҳои сокинони вилоятҳои Хатлону Суғд ва ВМКБ ба шакли театрикунонидашуда намоиш ёфтанд, ки аз рангорангии фарҳанги тоҷикон гувоҳ медод. Табиист, ки рақсу суруд ва сурури базлагӯӣ аз бахшҳои дигари чорабинии идона буданд.
Директори Гимназия — М. Неъматуллоев дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ ҳозиринро ба муносибати Наврӯзи ҷаҳонӣ табрику таҳният гуфта, аз хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мақоми байналмиллалӣ гирифтани Наврӯзи аҷам ёдовар шуд.