ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР ЛИТСЕЙ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд. Дар чорабинии бошукӯҳи идона роҳбарияти муассиса, омӯзгорон, хонандагон ва меҳмонони расмӣ ширкат варзиданд.

Нахуст директори муассиса Асҳобиддини Шералӣ иштирокчиёнро ба ин ҷашни ниёгони миллати кӯҳанбундёди тоҷик самимона муборакбод намуда, зимни суханронии хеш иброз доштанд, ки бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалиро касб кард ва ҳамчун омили ҳамгироӣ дар замони ҷаҳонишавӣ қабул гардид, ки имрӯзҳо дар саросари олам таҷлил карда мешавад.

Дар идомаи чорабинӣ омӯзгороне, ки дар таълиму тарбияи насли наврас, омода намудани хонандагон ба озмунҳои зеҳнӣ ва олимпиадаҳои байналмилалӣ хизматҳои шоиста намуданд аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони сарисинагии Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд, дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти муассиса ба онҳо тақдим карда шуд. Инчунин хонандагону омӯзгорон ва кормандони техникие, ки дар рушду пешрафти муассиса саҳми намоёну созгор доранд бо сипосномаи роҳбарияти муассиса қадронӣ карда шуданд.

Мавриди зикри хос аст, ки омӯзгорон ва кормандони муассиса аз таваҷҷуҳи доимии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии пайвастаи омӯзгорон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа изҳори миннатдории самимии хешро баён намуданд.

Сипас, барномаи рангини фарҳангӣ-фароғатӣ, ки аз ҷониби хонандагони соҳибистеъдоди муассиса дар сатҳи баланд омода гардида буд, пешкаши ҳозирин карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки иштирокчиён ҷашни Наврӯзро бо оростани дастархони идонаи наврӯзӣ, баргузории бозиҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ, намоиши суннатҳои қадимаи аҷдодӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо як рӯҳияи баланд таҷлил намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *