МАРОСИМИ ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ ОИД БА ВОЛЕЙБОЛИ КАСБӢ ВА ҒАЙРИКАСБӢ БАРОИ ДАРЁФТИ «ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ» БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

ДАСТАИ САРРАЁСАТИ МАОРИФ ДАР ИН МУСОБИҚА САЗОВОРИ ҶОЙИ СЕЮМ, ДИПЛОМ ВА МАБЛАҒ ДАР ҲАҶМИ 9350 СОМОНӢ ГАРДИД

Вобаста ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 феврали соли 2023, №60 Дар бораи баргузории мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” бахшида ба Рӯзи Модар аз 6 то 20 марати соли 2023 баргузор гардид.

Дар мусобикаи мазкур 36 дастаи бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, инчунин вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Дар ҷамъбасти мусобиқаи мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа муҳтарам Одилзода Дилбар Раҳим, муовини роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ашуров Акобир, мудири шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Олимов Ҷамшед, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҳимзода Шоҳзод, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе Зуҳурзода Зарина, муовини раиси ноҳияи Сино Сафарализода Ситора Сафаралӣ, директори Муассисаи давлатии “Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ”-и шаҳри Душанбе Камолов Раҳматшо, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Бобозода Асомиддин, мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Саидов Саидҷалол ва директорони мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпии шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.

Дар байни варзишгарони ғайрикасбӣ дастаи бонувони мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сазовори ҷои якум, дастаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷои дуюм, дастаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе сазовори ҷои сеюм ва дастаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷои чорум гардид.

Дар байни варзишгарони касбӣ дастаи бонувони ВМКБ сазовори чои якум, дастаи Душанбе-1 сазовори ҷои дуюм, дастаи вилояти Суғд сазовори ҷои сеюм ва дасти Душанбе-2 сазовори ҷои чорум гардид.

Ғолибони ҷойҳои якум бо ҷом, медал, диплом ва маблағ дар ҳаҷми 17000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм бо медал, диплом ва маблағ дар ҳаҷми 14450 сомонӣ, ҷойҳои сеюм бо медал, диплом ва маблағ дар ҳаҷми 9350 сомонӣ ва ҷойҳои чорум маблағ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *