ТАБРИКОТИ САРДОРИ САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ИСМОИЛЗОДА БАҲРОМ МАНСУР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ

Ҳамдиёрони азиз!

Ба муносибати фаро расидани зеботарин ҷашни мардуми ориёинажод — Наврўзи хуҷастапай тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли тоҷикони ҷаҳонро самимона табрику шодбош мегўям.

Ҷашни Наврўз дар тўли асрҳо дар баробари ин ки ба ривоҷи маданияти заминдорию зироаткорӣ ва боғдорию ободгарӣ мусоидат намудааст, ҳамчунин ба инсонҳо чун фарҳанги волои ҳамёрию ҳамкорӣ ва омили муҳими таҳкими сулҳу ваҳдат ва тавсеаи накўкорию хайрхоҳӣ хизмат кардааст. Яке аз сабабҳои ҷаҳонишавӣ ва дар байни халқу давлатҳои дигар доман паҳн кардану гиромӣ шудани Наврўз бешубҳа, дар ҳамин аст.

Боиси ифтихори мо, мардуми ориёитабор аст, ки бо хизматҳои шоён ва арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар асоси ташаббуси Тоҷикистон ва бо пуштибонии чандин давлатҳои дигар доир ба ҷашни байналмилалӣ эълон намудани Наврўз қатънома қабул карда, ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалиро касб намуда, бори дигар собит гардид, ки миллати тоҷик аз азал соҳиби таъриху фарҳанги куҳан ва ба худ хосеро доро мебошад.

Таҷлили бошукӯҳу дастаҷамъонаи Наврӯз ҳамаи мо – омӯзгоронро ба он ҳидоят месозад, ки ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаи Ватани биҳиштосоямон, неруманду пешрафта сохтани давлати соҳибистиқлоламон, дар руҳияи ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси миллию умумибашарӣ тарбия намудани насли наврас ва ҷавонон ҳарчи бештар заҳмат кашем.

Наврӯз — ҷашни мубораке, ки аз ҷониби аҷдоди некному хирадмандамон асос гузошта шудааст, дар масири таърих натанҳо ба мардуми мо, балки ба бисёр халқҳои олам пайки шодию сурур, бахту саодат, шукуфоию зебоӣ, оғози кишту кор ва зиндашавии табиатро мерасонад.

Ҳоло ин ҷашни бостонию зеборо мардумони бисёр кишварҳои сайёра ҳамчун рамзи бедории табиат, нишонаи ваҳдати инсон ва кайҳон, инчунин, пайки таҳаммулгароию дӯстӣ ва равобити неки байни халқу миллатҳои гуногуни дунё таҷлил менамоянд.

Ба маънии дигар, фалсафаи Наврӯз мардумони оламро ба некию накӯкорӣ, хайру саховат, заҳмати созанда ва таҳаммулгароию ҳамдигарфаҳмӣ даъват менамояд.

Ҷашни Наврӯз хусусиятҳои деринаашро бо руҳияи замони муосир созгор намуда, дар хизмати инсони созандаи асру замони нав қарор гирифтааст.

Ин ҷашни баробарии шабу рўз дарбаргирандаи фалсафаи баробарии инсонҳо дар рўи замин ба шумор меравад.

Аз ин рў, ниёгони арҷманди мо якдигарро ба муносибати фарорасии чунин як ҷашни аз лиҳози эҳтироми қадру шарафи инсонҳо камназир шодбош мегуфтанд.

Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори Наврӯзи байналмилалӣ табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо тинҷию оромӣ, файзу баракати наврӯзӣ ва ба Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрамон фатҳу нусратҳои нав орзумандам.

Ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *