Мояи ифтихор ва шодмонии бузург аст, ки ҷашни қадимаю суннатии мардуми тоҷик — Наврӯз чанд сол инҷониб дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Ин ҷашни бузург аз оғози айёми эҳёи табиат мужда расонида, ба ҳар як хонадон нишоту хуррамӣ ва рафоҳату саодат эҳдо менамояд.
Наврӯз дар фарҳанги тоҷикон рӯзи нав, оғози зиндагии нав, рӯзи шодӣ, адлу эътидол, бахшоиши гуноҳҳои якдигар ва рӯзи оштӣ аст. Дар ин рӯзи пур аз нуру сафо табиат, таърих ва инсон ҷони тоза меёбанд. Наврӯз ҳамчун ҷашни бузурги мардуми ориёӣ, махсусан дар солҳои соҳибистиқлолии миллии кишварамон шукӯҳу шаҳомати хоси идона пайдо кардааст.
Вобаста ба маросим, анъана ва оинҳои Наврӯзи оламафрӯз дар гузашта (бо забонҳои паҳлавӣ, форсии нав ва арабӣ) ва дар ин айём бо забонҳои гуногун асарҳои зиёд ва таҳқиқоти муфассал ба нашр расидаанд. Ин ҷашни байналмилалӣ дар Тоҷикистону давлатҳои Осиёи Миёна ва қисме аз минтақаҳои олам ботантана ҷашн гирифта мешавад. Бояд бигуем, ки шамъи «ҳафт шин»-и хони наврӯзӣ рамзи ғолибияти нур бар зулмот, некӣ бар бадӣ ва равшанӣ бар торикиро дошт. Мувофиқи таомулоти расмӣ, шамъро вобаста ба аъзои ҳар оила мегузоштанд. Хомӯш кардани шамъ ҳам рамзӣ буд. Онро бо барги сабз ва ё сабза пӯшонида, хомӯш мекарданд. «Наврӯз дар замони Ҳахоманишиҳо ва Сосониҳо болу пари истиқлол кушод ва ба фарҳанги ҷашнии башарият бисёр маросиму анъана ва оинҳои некро ворид сохт. Танҳо ёдовар шудани он ки анъанаи дар Соли нави аврупоиён афрӯхтани шамъ таърихан аз фарҳанги ҷашнии ниёгони мо ғизо гирифтааст, кофист. Ба ҳукми анъана даромада буд, ки ниёгонамон дар ҷашни Наврӯз хони идонае бо «ҳафт шин» меоростанд. Бо мурури замон ва гузашти айём доира ва доманаи Наврӯз фарохтар шуд. Роҳи Абрешим омили густариши Наврӯз гардид. Савдогароне, ки тавассути Роҳи Абрешим дар арафаи Наврӯз ва ё рӯзҳои наврӯзӣ махсусан ба сарзамини ниёгонамон ба сафар мебаромаданд, аз оинҳои наврӯзӣ огаҳӣ меёфтанд ва ин омили ба тамаддуни дигар халқиятҳо роҳ ёфтани Наврӯз шуд Муҳимият ва асолати ҷашни Наврӯз он аст, ки давоми мавҷудияти беш аз шашҳазорсола дар баробари пурра нигоҳ доштани оину анъанаҳои худ номи таърихию мантиқии худро низ нигоҳ дошт. Имрӯз халқҳои гуногуни дунё ҷашни Наврӯзро чун Рӯзи нав аз Соли Нав, бедоршавии табиати хуфта ва аз хоби тӯлонии пирию карахтӣ ҷавону нарм ва сабзпӯшу гулафшон бархостани он, ҳамчунин дилкашу назаррабо ва тозаву озода гардидани замину замон ҷашн мегиранд. Зикри Абӯрайҳони Берунӣ- «Наврӯз ибтидои офариниши олам аст» ноҷо нест.
Бегумон, нахустрӯзи офариниши оламро ҳамчун оғози Соли Нав- Наврӯзи оламафрӯз- ғолибияти равшанӣ бар торикӣ, гиристани абри найсону хандаи замину замон, рӯидани сабзаву майса, гулу себарга, насими форами боди баҳорӣ, чаҳ-чаҳу хониши паррандагон, хушҳолии кӯдакон, сайри дашту даман, насими тоза ва парниён гаштани табиат ҳисобидан равост. Инак, чанд соли охир аст, ки ҷашни Наврӯз ҳукми байналмилалӣ гирифта, дар аксари кишварҳо онро мардум новобаста аз дину мазҳабашон таҷлил мекунанд ва ин ҷашн омили муттаҳидкунандаи халқиятҳо ба шумор меравад.
Махсусияти хоси Наврӯзи имсола ва наврӯзҳои оянда он аст, ки он дар тамоми деҳаву ҷамоат ва шаҳраку марказҳои маъмурӣ бо риояи оину анъанаҳои наврӯзӣ, тозаву озода намудани хонаву маҳалли зист, шинонидани гулу бута ва ниҳолҳои боровару сояафкан, зиёрати манзилгоҳҳои гузаштагон, аёдати беморону калонсолон, пирону барҷомондагон баргузор шуда, ба кӯдакону тарбиягирандагон, дардмандону калонсолон ва беморон туҳфаҳо ва кумакҳои наврӯзӣ ҳадя карда мешаванд.
Мояи хушнудист, ки бо қарори Созмони Милали Муттаҳид ҷашни Наврӯз ба феҳристи арзишмандтарин мероси гаронбаҳои фарҳангии башарият — ЮНЕСКО ворид карда шуд ва ҳамасола 21 март Рӯзи Наврӯзи байналмилалӣ эълон гардид. Ифтихори мо тоҷикон боз аз он аст, ки дар мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯзи оламафрӯз нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст.
Диёрзода Сабоҳат
Мудири муассисаи таҳсилоти томактабии №45-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ