Дар рӯзҳои таътил ва тантанаҳои Наврӯзӣ, аз 21 то 24 март, 10 нафар хонандагони Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия қарор дошта, барои баланд бардоштани парчами кишвар дар Олимпиадаи байналмиллалии «Эрудитҳои сайёра» донишозмоӣ намуданд.
Натиҷаи иштирок дар Олимпиада барои ҳайати педагогии Гимназия чашмдошт буда, дар он ду нафар хонандагони Гимназияи соҳиби ҷойи сеюм гардиданд:
ҚОСИМЗОДА АБУБАКР — хонандаи синфи
2:ХУДОЁРЗОДА МАҲЛИЁ — хонандаи синфи 2
Боқимонда 6 нафар хонандагон иштироки фаъолона намуда, аз ҷониби Кумитаи тадорукот бо ифтихорнома ва медалҳо сарфароз гардиданд:
САФАРЗОДА ЗАФАР — хонандаи синфи 11;
ДАВЛАТЗОДА ДИЛНОЗА — хонандаи синфи 8;
ДАВЛАТЗОДА ШУҲРАТ — хонандаи синфи 6;
ҚОСИМОВ БИЛОЛ — хонандаи синфи 6;
МАСТИБЕКОВА УМЕДА — хонандаи синфи 3;
ИСОХОНОВ АБДУРАҲИМ — хонандаи синфи 3;
ЯҚУБОВ ҲОКИМ — хонандаи синфи 3;НУРИДДИНЗОДА СУМАЯ — хонандаи синфи 2.Ҳамзамон, ба тими Гимназия барои иштироки фаъолона ҷом супорида шуда, роҳбарияти Гимназия ва омӯзгори роҳбалад бо сипоснома қадрдонӣ гардиданд.