ДАСТОВАРДИ БЕНАЗИРИ ЛИТСЕЙИ №2 БАРОИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ЭРУДИТҲОИ САЙЁРА-2023»

Бо мақсади ташаккул додани донишу маҳорат, васеъ гардонидани ҷаҳонбинии хонандагон ва дарёфти истеъдодҳои нав, диққат додан ба такмил ва инкишофи қобилияти амалии хонандагон, малакаи истифодаи донишҳояшон дар ҳолатҳои ғайриқолабӣ (ғайристандартӣ), фаъолияти ҷўяндагӣ барои ҳалли масъалаҳои амалӣ, дар рўзҳои таътили баҳорӣ (21 то 24 март) ва тантанаҳои Наврӯзӣ нуҳ нафар хонандагони Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе бо роҳбарии омӯзгори фанни математика Фазлоншоева Х. дар Олимпиадаи байналмиллалии «Ҳамадонони сайёра-2023», ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок доштанд. Таълимгирандагони муассиса тавонистанд илму маорифи кишвари худро муаррифӣ намоянд ва парчами Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд. Натиҷа аз иштирок дар Олимпиада барои сокинони кишвар хурсандиовар буда, нуҳ нафар хонандагони Литсей сазовори ҷойи аввал, диплом, медали тилло, ҷоми Олимпиада ва як нафар хонанда, ки дар ҳалли тестҳо номгӯйи Олимпиада ихтиёрӣ иштирок намуд, сазовори диплом, медали биринҷӣ ва ҷом дониста шуд.

Натиҷаи олимпиадаи «ЭРУДИТҲОИ САЙЁРА-2023» чунин аст:

1. Нуров Амирҳамза, хонандаи синфи 8, ҷойи 1;

2. Шодиев Фарҳод, хонандаи синфи 8, ҷойи 1;

3. Абдуллоева Бибиойша, хонандаи синфи 8, ҷойи 1;

4. Зарифова Сумая, хонандаи синфи 6, ҷойи 1;

5. Мирзоева Шукрона, хонандаи синфи 9, ҷойи 1 ва ҷойи 3;

6. Муродова Зуҳал, хонандаи синфи 6, ҷойи 1;

7. Абдулҳақов Абубакр, хонандаи синфи 6, ҷойи 1;

8. Аминов Фирдавс, хонандаи синфи 6, ҷойи 1;

9. Верезуб Раиса, хонандаи синфи 6, ҷойи 1;

Бояд қайд кард, ки олимпиада тариқи низоми тестӣ, аз фанҳои алгебра, биология, химия, физика, география, таърихи ҷаҳон, иҷрои корҳои хурди илмӣ баргузор гардид.

Ҳамин тариқ, пас аз ҷамъбасти Олимпиадаи байналмиллалии «Ҳамадонони сайёра-2023» Литсейи №2 барои ҷойҳои аввалро ишғол намудану дониши комилан ба талаботи он ҷавобгӯй доштан ба ҷоми махсуси даставӣ, ҳамчун ҷойи аввал сазовор дониста шуд. Ҷиҳати дар сатҳи баланд омода ва сафарбар намудани хонандагон ба директор, муовини директор оид ба илм ва инноватсияи Литсейи №2 низ Сипоснома дастрас карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *