Дар Муассисаи давлатии «Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Шоҳмансур»- и шаҳри Душанбе даври дуюми (ноҳиявӣ)-и озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» баргузор гардид. Дар кушодашавии озмуни мазкур муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Нурляминзода С.А. мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Гулмуродзода Қ.Г., мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур Мусоҷонзода Ҷ.М. иштирок ва суханронӣ намуданд.Тибқи Низомномаи озмун иштирокчиёни он аз фанҳои математика, физика корҳои хаттӣ ва аз фанҳои химия, биология, география ва технологияи иттилоотӣ супоришҳои тестӣ супорида, корҳои мустақилонаи тадқиқотӣ ва ихтирооти худро дар назди аъзои ҳакамон фардо муаррифӣ хоҳанд кард.
ХАБАРҲО
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6 дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи бинои мактаби санъат дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №70 дар ноҳияи КӯшониёнИфтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи КӯшониёнҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»