ОҒОЗИ ДАВРИ ДУЮМИ (НОҲИЯВӢ) ОЗМУНИ ШАҲРИИ “ЗАБОН ДОНӢ – ҶАҲОН ДОНӢ” ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

29 марти соли 2023 бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 06 марти соли 2023, №92 “Дар бораи ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” имрӯз бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 даври дуюми (ноҳиявӣ) Озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” оғоз гардид. Озмунро муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансур, ҳамзамон Раиси комиссияи озмуни мазкур Нурляминзода С.А. ифтитоҳ намуданд.

Озмун бо мақсади ҳавасамандгардонии хонандагон ба забономӯзӣ, сайқал додани заковат, малакаи забондонӣ, инкишофи зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии хонандагон, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор мегардад.

Озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” байни хонандагони синфҳои 5-8 ва 9-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва литсею гимназияҳо вобаста ба фанҳои забони тоҷикӣ, забони русӣ ва забони англисӣ дар ду давр (хаттӣ ва шифоҳӣ) аз рӯйи шартҳои зерин гузаронида мешавад:

— “Маҳорати суханварӣ” (бо се забон);- “Эссе” (бо се забон);

— “Қироати шеър” (бо се забон);- “Имло” (имлои дурусти калима дар матн);

— “Тарҷума” (пешниҳоди матни бадеии забони тоҷикӣ бо забонҳои русиву англисӣ).

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” 138 нафар хонандагоне, ки дар даври муассисавӣ ғолиб омада буданд, фаро гирифта шуданд.

Аз ин шумораи номбурда, 80 нафар хонандагон аз ҳисоби ғолибони синфҳои 9-11 ва 58 нафар хонандагон аз ҳисоби ғолибони синфҳои 5-8 мебошанд, ки 102 нафар хонандагон аз ҳисоби муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 36 нафар хонандагон аз ҳисоби муассисаҳои таълимии типпи нав (литсей ва гимназияҳо) мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *