24 июн даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон – 2023» барои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ҷамъбаст гардид.
Тавре дар донишкадаи мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар натиҷаи ҷамъбасти озмун ҷойи якумро мураббии муассисаи таълимии томактабии №8-и шаҳри Ҳисор Фариза Ғафурова соҳиб шуда, ҷойи дуюмро мураббии кўдакистони №9-и шаҳри Ваҳдат Мафтуна Гулова ба даст оварда, ҷойи сеюмро мураббии муассисаи таълимии томактабии ноҳияи Варзоб Суҳайло Абудллозода сазовор гашт.
Дар рафти озмун, ки 22 июн оғоз шуда буд, довталабон аз маҳорату малакаи дар раванди фаъолияти хеш андӯхтаашон маърӯза ва видеороликҳо таҳия намуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби ҳайати ҳакамон саволу супоришҳои мушаххас ба довталабон дода шуд, то аз маҳорату дониши онҳо дар ин самт огаҳӣ пайдо намоянд.
Мақсад аз баргузории озмуни мазкур дарёфт намудани мураббиёни боистеъдод, навовару эҷодкор ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами онҳо дар муассисаҳои томактабӣ мебошад.
Ҳамасола се даври Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон» доир гардида, даври ниҳоии он дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мешавад.
АКС: Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф