ХАТМКУНАНДАИ ЛИТСЕЙИ №2 БАРОИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ СОҲИБИ ҶОИЗАИ “БЕҲТАРИН ОЛИМИ ҶАВОН-2023” ГАРДИД

Дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо ташаббуси Ассотсиатсияи байналмилалии донишҷӯён бо дастгирии Иттиҳодияи шахсони ҳуқуқии “Ҳаракати умумимиллии Бобек” дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи илмии электронии “eLIBRARY.RU”-и Федератсияи Россия озмуни “Беҳтарин олими ҷавон-2023” байни донишҷӯёни муассисаҳои илмӣ-таълимии кишварҳои ИДМ доир гардид.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки дар озмуни мазкур хонандаи синфи 11- Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Розиқова Ёсуман зери роҳбарии директори Литсей Сироҷзода Ҷамолиддин иштирок намуда, дар асоси хулосаи комиссияи озмун дар бахши илмҳои ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ ғолиб гардида, соҳиби дипломи дараҷаи 1 ва нишони сарисинагии “Беҳтарин олими ҷавон-2023” шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *