ТАНҲО ДАР СУРАТИ МАВҶУДИЯТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДУШВОРИҲО ВА МОНЕАҲО ПАСИ САР МЕШАВАНД

Мусаллам аст, ки Ваҳдати миллӣ гуфта дар адабиёти муосир мафҳумҳо ва фаъолиятҳое ба назар гирифта мешавад, ки назми ҳаёту фаъолияти ҷомеаҳои ҷаҳониро дар дохили ҳар як кишвар таъмин ва татбиқ менамоянд. Агар ба калимаҳои Ваҳдати миллӣ аҳамият диҳем мафҳумҳои пеш аз ҳама ягонагӣ, сарҷамъӣ, муттаҳидӣ ва аз ҷиҳати фикру ақида як будани мафкураи инсониро дар бар гирифта, калимаҳои болозикр воқеанҳам ҳаммаъно буда, моро водор месозад, ки аз ин мафҳумҳои татбиқталаб истифода намуда, шиори ҳамешагии фаъолияти кории хеш қарор диҳем. Дар сатҳи ҳаёти шахсӣ бошад, Вахдати миллӣ дар эҳсосоту худогоҳии миллии ҳар як фарди дурандеш таносуби руҳию равонӣ ва дигар хусусиятҳои барои ҳамаи аъзои ҷомеаи башарӣ истифода гардида, кушиш ба он диҳем, ки шарёнҳои хуни фарзандони фарзонаи миллати тоҷик ба ин ибораҳо инкишоф ва дар гардиши сиёсию иҷтимоӣ қарор гирад. Инчунин, мо шаҳрвандони кишварро зарур аст, ки шахсе, ки воқеанҳам сарчашмаи ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хомӯш намудани ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ ва бастани шартномаи истихроҷи сулҳу суботӣ сиёсиии кишварамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳеҷгоҳ фаромӯш насохта зери сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвари азизамон фаъолияти худро беш аз пеш ҷоннок намуда, талош намоем, ки Ваҳдату ягонагӣ ва Истиқлолияти кишварамон ҷовидонӣ боқӣ монад. Гарчанд, ки Ваҳдати миллӣ ҳанӯз дар баъзе мавридҳо эҳсос мегардад, ки аз ҷонибе баъзе афроди ҷомеа маънои риоя шудани принсипҳои адолат ва баробарӣ дар касби неъматҳои ҷамъиятиро надорад, вале барои ҳамаи аъзои ҷомеаи миллӣ фоидаовар ва муҳим мебошад. Инчунин, тибқи андешаҳое, ки дар адабиёти муосири ғарбӣ ифода ёфтаанд, ваҳдати миллӣ на танҳо барои амнияту рушди ин ё он давлати ҷудогона хуб мебошад, балки барои ҳамгироӣ ва рушди муштараки давлатҳо ва ҷомеаҳои гуногуни миллӣ, таъсиси созмонҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ ва тавсеаи ҳамкории муштаркулманофеи давлатҳо ва ҷомеаҳои гуногуни миллӣ низ нақши аввалиндараҷаро иҷро мекунад. Ҳамзамон, барои ҳамаи кишварҳое, ки дар ҳудуди онҳо халқу миллатҳои гуногун сукунат мекунанд, яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба шумор рафта, дастёбӣ ба муҳимтарин омили сулҳу оромӣ, рушди иқтисодӣ, таъмини адолату баробарӣ ва дигар арзишҳои иҷтимоӣ ба шумор рафта, ҳар як давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёд барои таҳкими он бояд мубориза барад. Самараи ваҳдати миллӣ ва тарғибҳои пайвастаи миллати сарбаланду баруманди кишварамон бахусус саъю талошҳои бевоситаи Пешвои миллатамон буд, ки Тоҷикистон дар арсаи сиёсати тамоми кишварҳои дунё дар муддати кӯтоҳи таърихӣ, то фаро расидани давраи буҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба марҳалаи рушди устувори иқтисодӣ ворид шуда, самти беҳтару хубтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии кишварро бадаст гирифта дар ин давраҳои пуртаззоду пурталотум ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Аз ин рў, дар ҳоле, ки Ваҳдат — беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, дар ҳама давру замон ҳисобида шудааст, ки мо дар ин фазо умр ба сар мебарем, ҳеҷгоҳ ба саҳланкорию фориғболӣ роҳ надода, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро татбиқи насли наврас намоем. Ҳамин аст, ки имрўзҳо дар муассисаҳои таълимии типи мактаб-интернатҳо таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, пайваста дар рўзҳои ҷашнҳои миллию суннатӣ ғамхории бевоситаи Президенти малакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ даҳчанд эҳсос гардида, тамоми тарбиятгирандагони типи мактаб-интернатҳо пайваста эҳсос мегардад. Инчунин, дар ҳамин замина аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат илҳом гирифта, соҳибкорони ватанӣ низ саҳмгузорӣ намуда, бо як завқи пур аз эҳсоси ватандўстӣ ва нигоҳи нек ба муҳассилини муассисаҳои болозикр пайваста кӯмакҳо мерасонанд. Дили мо омўзгорону кормандони соҳаи маориф аз чунин ғамхориҳо ва талошҳои бевоситаи Сарвари давлат дучанд илҳом гирифта дар назди виҷдони худ мақсад мегузорад, ки чунин меъморе, ки бо заҳмату талошҳои шахси наҷиб сохта ва ҳадяи мо миллати сарбаланди тоҷик гардидааст, софдилона барои пойдорӣ ва устувории он хизмати шоён намоем. Инчунин, ёдовар бояд намуд, ки дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрўзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр намуда аз он чашида истодаем. Яке аз масъалаҳои дигаре, ки хотирнишон намоям ва зарурӣ низ ба шумор меравад сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён оварда имрўзҳо ҳазорон ҳазор хонандагону донишҷўёни миллати тоҷик ба давлатҳои абадқудрати ҷаҳон роҳсипор гардида, таҳсили илм менамоян ва дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок намуда, Парчами миллӣ ва Суруди миллии моро боло мебаранд. Бад ин васила мо метавонем, ки ба ҷаҳониён нишон диҳем, ки миллати тоҷик аз азал қавииродаю устувор дар ҳар корҳои неку наҷиб буд ва хоҳад монд. Хақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате. ки сулҳу амонӣ ва дўстӣ ҳукмфармост, он давлат рўз аз рўз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ дучанд меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад, ки дар ҳар нафаси мо ва дидаи неки мо эҳсос мегардад. Аз ин рў, ман ҳамчун як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омўзгори асил ва фарзанди бонангу номуси миллат бо Сулҳу Ваҳдати кишвари азизам имрўзҳо ифтихор дошта метавонам гўям, ки барои шукуфоии Ватани азизамон то охирин лаҳзаҳои вопасине, ки дар тан ҷон дорему нафас мегирем хизмат намуда, зарраеҳам бошад саҳмгузор бошем. Дар фарҷоми гуфтаҳо барои тамоми мардуми Тоҷикистони азизам ҷашни Ваҳдати миллиро таҳният гуфта, аз Яздони пок орзу менамоям, ки доимо дар Тоҷикистони мо ва хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ фазои сулҳу субот, дастархони пурнозу неъмат ва саломатию хандаҳои тифлакони боғи дониш поянда бошад. Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак ҳаммеҳанони азиз!

Директори Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор»-и шаҳри Душанбе Раҳимзода Раъно Раҳим

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *