Шуруъ аз 1 август дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе пардохти маблағи китобҳои дарсӣ аз тарафи падару модарон ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзи Мирзо хабар дод.
Мавсуф иброз дошт, ки иқдоми мазкур дар асоси иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2018 «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» амалӣ мешавад.
«Дар ин самт аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои саривақтӣ андешида, корҳои зарурӣ ба роҳ монда шудаанд»,-илова намуд ӯ.
Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдом дар самти рушди илму маориф- баланд бардоштани сатҳи донишу маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи мутахассисони ба талаботи замона ҷавобгӯ мебошад.
Дар доираи татбиқ ва иҷрои пардохти ғайринақдии тамоми хизматрасонии пулакии соҳаи маориф Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»», Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)», Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшиди Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Имон Интернешнл», Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшиди «Бонки Байналмилалии Тоҷикистон», Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшиди ТАКҲ «Ҳумо», Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшиди «Душанбе сити Бонк», Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшиди «Бонки Эсхата» ва Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшиди «Тавҳидбонк» замимаву барномаҳои худро пешниҳод намудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» 22 июни соли равон ба тасвиб расид.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»