Аз 15 июл то 5 август як гурӯҳ хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар Лагери истироҳативу маърифатии Маркази байналмилалии кӯдаконаи «Артек» (Сочи) истироҳат мекунанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Роҳхат ба ин истироҳатгоҳро хонандагони мазкур бо ба даст овардани ғолибият дар озмуни байналмилалӣ аз рӯи Барномаи «Ҷавонони Иттиҳод» сазовор гардиданд.
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ин хонандагон ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия сафар карда, то 5 август истироҳат менамоянд.