Омӯзгори тоҷик, директори «Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе» Асҳобиддини Шералӣ сазовори унвони «Беҳтарин омӯзгори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2023» гардид.
Унвони мазкур барои фаъолияти сермаҳсул дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврас ва барои ноил гардидан ба дастовардҳои назарраси таълимю тарбиявӣ ва меҳнатӣ аз ҷониби Иттиҳодияи шахсони ҳуқуқии «Ҳаракати умумимиллии Бобек»-и Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Китобхонаи илмии электронии «eLIBRARY.RU»-и Федератсияи Русия дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар соли равон чанд нафар омӯзгорони тоҷик дар озмунҳои байналмилалӣ соҳиби ҷоиза гардида, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда буданд. Аз ҷумла, дар озмуни байналмилалии «Беҳтарин мақолаи илмӣ-2023», ки 5 март дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, омузгорони шаҳри Душанбе ғолиб омада, бо сертификат ва медали сарисинагӣ қадрдонӣ карда шуда буданд.
Ҳамзамон омӯзгори дигари тоҷик, омӯзгори фанни химияи мактаби № 2-и ноҳияи Данғара Назокат Маҳмадиева рӯзҳои 5 -7 июн дар доираи барномаи «Мактабҳои 2030» дар шаҳри Портои Португалия дар Форуми глобалӣ оид ба таҷрибаи пешқадами педагогӣ дар доираи 10 давлат иштирок намуда, Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки Назокат Маҳмадиева дар Форуми ҷумҳуриявии «Омӯзгори навовар», ки дар шаҳри Бохтар байни ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои лоиҳавии мамлакат гузаронида шуд, бо лоиҳаи «Хазинаи табиат» ғолибиятро ба даст оварда буд.
Номбурда бо ишғоли ҷойи якум дар ин форум бо мукофоти пулӣ ва диплом қадрдонӣ гардида, роҳхатро барои иштирок дар Форуми глобалӣ оид ба таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ дар шаҳри Портои давлати Португалия ба даст овард.
Бояд тазаккур дод, сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати дарҳои боз дар самти рушди соҳаи маориф назаррас буда, дар ин самт пешравиҳои зиёд мебошанд.
Яке аз тадбирҳои муҳими Ҳукумат ва Президенти мамлакат баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа буда, ҳавасмандии омӯзгоронро афзун гардондааст.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 арҷу эҳтиром нисбат ба омӯзгор аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим арзёбӣ карда шуд.
«Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем», — тазаккур доданд Сарвари давлат.
Ин дастгириҳо омӯзгорони тоҷикро руҳбаланд намуда, онҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ исбот менамоянд, ки омузгорони Тоҷикистон дорои донишу маҳорати баланди касбӣ буда, фаъолияти кориашон ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ аст ва шогирдонро бо истифода аз роҳу усулҳои муосир таълиму тарбия медиҳанд. Ин аст, ки таҷрибаи пешқадами онҳо аз тарафи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои пешрафтаи дунё пайваста эътироф карда мешавад.