Хонандаи синфи 8 Литсейи хусусии тоҷикӣ-русии Ҳотам ва ПВ дар шаҳри Ҳисор Олимҷон Тухтаров дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии «IMO 2023» аз фанни математика иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Олимпиадаи мазкур аз 2 то 13 июл дар шаҳри Чибаи Ҷопон баргузор гардида, дар он 6 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат иштирок намуданд.
Олимпиадаи мазкур яке аз бонуфузтарин озмуни илмӣ дар ҷаҳон ба шумор рафта, дар он хонандагони зиёда аз 112 давлати дунё иштирок мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки «ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шавад».
Ҳамин аст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба илмҳои дақиқ, хусусан физикаю математика бештар гардида, иштироки онҳо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ низ зиёд ба назар мерасад.
Ин дастовард шаҳодати он аст, ки рушди ҳаракати олимпӣ дар мамлакат сол ба сол беҳтар гардида, хонандагони тоҷик аз фанҳои табиӣ-риёзӣ бо ҳамсолонашон аз давлатҳои тараққикардаи дунё рақобати арзанда нишон дода, нуфузи ҷумҳуриро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд.