Тавре қаблан АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар дода буд, дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мақсади омода намудани кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи маориф аз ҳисоби кормандони фаъоли соҳа, махсусан занон ва ҷавонони болаёқат ва таъмини ҳайати захираи кадрии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ даври омӯзишии «Менеҷменти роҳбарӣ» идома дорад.
Чунин даври омӯзишӣ бо иштироки кормандони муассисаҳои таълимии пойтахт доир шуд, ки дар он собиқадори соҳа, Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба шунавандагон доир ба баланд бардоштани савияи таълиму тарбияи хонандагон дар муассисаҳо бо иштирокчиёни машғулият суҳбати озод намуд.
Зимни суҳбат директорони муассисаҳои пойтахтро даъват намуданд, ки аз имконоти мавҷуда пурсамар истифода бурда, барои тайёр намудани мутахассисони дорои дониши хуб ва ба талаботи бозори меҳнати дохиливу ҷаҳонӣ ҷавобгӯ, омӯзиши илмҳои дақиқ ва аз худ намудани забонҳои русиву англисӣ камари ҳиммат банданд.
Мақсади баргузории машғулият- омӯзиши таҷрибаи муосир, раванди пурраи кори директори муассисаи таълимӣ ва баланд бардоштани савияи таълиму тарбияи хонандагон дар муассисаҳо мебошад.
Зимни омӯзиш иштирокчиён доир ба паҳлуҳои гуногуни масъалаҳои ҷойдошта дар муассисаҳои таълимӣ мубодилаи афкор намуда, барои худ таҷрибаи васеъ гирифтанд.
Тибқи нақша, марҳилаи ниҳоии омӯзиш 16 август барои кадрҳои роҳбарикунандаи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сангвор ба анҷом мерасад.