Аз 1 август дар Тоҷикистон қабули хонандагон ба синфи якум оғоз мегардад

Аз 1 август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули хонандагони синфи якум ба соли таҳсили 2023-2024 оғоз мегардад, иттилоъ доданд  ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  дар  маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

«Имрӯзҳо дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат омодагӣ ба соли нави хониш дар сатҳи баланд идома дорад. Тибқи Барномаи омода намудани кӯдакони 7-сола ба таҳсил ба синфи 1-ум (барои як моҳ), ки бо Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ҳангоми номнавис гардидани хонандагон таҳсил аз 1 август оғоз мешавад. Дар ин давра бо хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ гузаронида мешавад», — таъкид карда мешавад дар хабари маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи Низомномаи намунавии Вазорати маориф ва илми мамлакат, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои ба синфи якум қабул намудани хонандагон ҳуҷҷатҳои зерин: варақаи шахсии хонанда, ду дона расми се ба чор, аризаи волидайн оид ба қабул, шаҳодатномаи таваллуди кӯдак, ҳуҷҷати тиббӣ, ду нусхагӣ шиносномаи волидайн, шаҳодатномаи ақди никоҳ ва маълумотнома аз ҷой зист талаб карда мешавад.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» дар  Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ доданд,  дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе  кӯдакон ба синфи якум ба тариқи ройгон қабул карда мешаванд.

Қабули кӯдакон ба гурӯҳҳои забони таҳсилашон тоҷикӣ ва русии муассисаҳои таълимӣ (муассисаҳои таълимии шакли нав ва хусусӣ, бе назардошти маблағи шартнома) дар асоси моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои  6 ва 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», банди 7 ва 38 Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  ба тариқи ройгон анҷом дода мешавад

Дар ҳолати аз ҷониби масъулини маорифи шаҳри Душанбе талаб намудани маблағ барои қабули кӯдак ба синфи якум волидайн бояд  аз масъулин расид барои маблағ талаб намоянд ва ё арзу шикояти худро тариқи телефони боварии Сарраёсати маорифи шаҳр: 2213092 пешниҳод  намоянд.

Бояд гуфт, ки имсол кӯдаконе, ки то 31 декабри соли 2016 таваллуд шудаанд, ба синфи якум мераванд. Агар кӯдак 1 январи соли 2017 таваллуд шуда бошад, ба синфи якум қабул карда намешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар соли таҳсили 2022-2023 бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба анҷоми соли таҳсили 2022-2023, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» синфҳои 1-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 25 май ва дар синфҳои 2-11 (12)-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ 1 июни соли 2023 ба анҷом расид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *