Дар ҷаҳони муосир донистани якчанд забон имкониятҳои мутахассисонро дар самти аз худ намудану дар амал татбиқ намудани дастовардаҳои беҳтарини илму техникаи муосир васеъ гардонида, шароит муҳайё месозад, ки неруи хешро дар соҳаҳои гуногуни фаъолият самаранок татбиқ намоянд. Махсусан омӯзиш ва азхуд намудани забони англисӣ ҳамчун забони хориҷии дар ҷаҳони муосир аз ҳама зиёд паҳншуда, инчунин аз худ кардани нутқи намунавӣ бо ин забон барои тарбияи шахсияти забондон, рушди сифатҳои маънавӣ ва қобилиятҳои эҷодии ӯ ва шинос шудан бо фарҳанги ҷаҳонӣ нақши пешбаранда дорад.
Бо мақсади такмили омӯзиши забони англисӣ аз ҷониби кормандон ва ҷиҳати иҷрои талаботи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон №1337 аз 13.09.2022, вобаста ба азхуд намудани 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ барои омӯзгорон, хонандагон (синфҳои 5-11), устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илми кишвар дар МД “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” курси омӯзиши забони англисӣ барои ҳайати кормандони Муассиса ба роҳ монда шуд. Курси мазкур давомнок буда, дар баробари омӯзиши луғат ба кормандон қоидаҳои имло, грамматика ва фонетикаи забони англисӣ омӯзонида хоҳад шуд.
ХАБАРҲО
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6 дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи бинои мактаби санъат дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №70 дар ноҳияи КӯшониёнИфтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи КӯшониёнҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»