ТАЪЛИМОТИ ДУАЛӢ: АФЗАЛИЯТ ДАР ОМОДА НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН

Дар замони муосир рушди соҳаи маориф навоварӣ ва ислоҳоти ҷиддиро талаб мекунад. Ин аст, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи маорифи тоҷик чанд бор ислоҳот ворид шуд. Таълиму тарбия, ки ҳадафи асосии соҳаи маориф ба ҳисоб меравад, бо рушди ҷаҳони муосир бояд ҳамқадам бошад. Бо ҷаҳонишавӣ ва рушди техника ва технологияҳои муосир мафкураи наврасону ҷавонон низ мунтазам тағйир ёфта, равандҳои манфӣ дар ҷомеа бештар гардидааст. Аз ин рӯ, мо бояд пайваста барои такмили дониш ва муайян намудани роҳҳо ва усулҳои муосири таълиму тарбияи насли наврас тадбирҳои таъхирнопазир андешем.

Агар дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбии самти омӯзгорӣ аз курсҳои аввали ба таҳсил фаро гирифтани донишҷӯён як барномаи таълимиро омӯзонанд, он то ба охир расидани таҳсилоти касбӣ метавонад барои бедор намудани шавқу рағбати хонандагон, наврасону ҷавонон ба илму донишомӯзӣ кифоят накунад. Чунки он усул ва роҳҳое, ки барои баланд бардоштани дониш, маҳорат ва малакаҳои касбии омӯзгорӣ, ки давоми таҳсил ба муаллимони оянда омӯзонда мешавад, метавонад куҳна шуда, талаботи хонандагонро қонеъ нагардонад.

Бо мақсади омода намудани омӯзгорони болаёқати дорои донишу маҳорати касбии омӯзгорӣ имрӯзҳо дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти касбии тамоми самтҳо ва махсусан, равияи омӯзгорӣ усулҳои нави таҳсили салоҳиятнокӣ роҳандозӣ мегардад, ки ин раванди таълим барои омода намудани омӯзгорон дар ташкили дарсҳои босифат мусоидат менамояд.

Бо мақсади баланд бардоштани маҳорати иҷрои кор, донишу малака ва сатҳи касбияти донишҷӯён — мутахассисони оянда барои ворид гардидан ба системаи таълимоти дуалӣ замина гузоштем. Акнун дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва дигар санадҳои танзимкунандаи соҳаи маориф мафҳуми “Таълимоти дуалӣ” ворид гардид.

Таълимоти дуалӣ — як шакли системаи таълимиест, ки дар он қисми назарии таълим дар заминаи муассисаи таълимӣ ва қисми амалӣ дар истеҳсолот, яъне корхонаҳо сурат мегирад. Дар ин раванд, муассисаҳои таҳсилоти касбӣ бо корхонаҳо шартномаҳои ҳамкорӣ баста, барои шумораи муайяни мутахассисон фармоиш медиҳанд, ё ин ки ҳамчун дурнамо барои панҷ соли оянда дархост менамоянд. Ҳамзамон, корфармоён дар таҳияи барномаи таълимӣ иштирок мекунанд. Раванди таълим тавре роҳандозӣ мегардад, ки донишҷӯён аз таълим дур нашуда, ба истеҳсолот ворид карда мешаванд, яъне кафедраҳои тахассусӣ дар худи муассиса ва корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ ё ин ки муассисаҳо вобаста ба равияи муассисаҳои таълимӣ таъсис дода шудаанд. Раванди таълим якҷо бо раванди фаъолият ҳамбастагӣ меёбад. Дар ин раванд нақши асосиро мураббиён — устодони истеҳсолӣ, мутахассисони соҳа иҷро менамоянд. Ба сатҳи кордонии мураббиён ва мутахассисони корхона ва муассисаҳо чӣ гуна тайёр гардидани мутахассисони соҳаҳои гуногун вобастагии амиқ дорад.

Зикр намудан ҷоиз аст, ки аввалин маротиба системаи таълимоти дуалӣ дар Олмон ҷорӣ карда шуд ва таҷрибаи ин кишвар барои тамоми Иттиҳоди Аврупо намунаи ибрат гардид. Системаи таҳсилоти касбии Олмон ҳамчун як муассисаи пешрафта ва роҳнамо дар тайёр намудани мутахассисон аз дигар системаҳо фарқкунанда гардид. Ин буд, ки барои ба расмият даровардани таҳсилоти дуалӣ дар Олмон чорчӯби қатъии қонунгузорӣ ҷорӣ карда шуда, бо кумаки палатаҳои савдо ва саноат ва ҳунармандӣ амалӣ карда мешавад. Дар соҳаи маорифи Федератсияи Россия аз соли 2010 ба тариқи пилотӣ дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ таҳсилоти дуалӣ ҷорӣ карда шуд. Соли 2014 Агентии ташаббусҳои стратегӣ барои пешбурди лоиҳаҳои нав (Агентство стратегических инициатив по продвижению новых проектов (АСИ)) байни 23 муассисаи таҳсилоти касбӣ барои муайян намудани сатҳи омода намудани муассисаҳо дар тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯй ба талаботи муосир ва мутобиқ ба талаботи соҳаҳои технологияҳои нав озмун ташкил ва баргузор карда шуд. Дар озмун хатмкардагони он муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ғолиб баромаданд, ки дар онҳо системаи таҳсилоти дуалӣ ба таври пилотӣ роҳандозӣ гардида буд.

Дар Федератсияи Россия аввалин шуда системаи таҳсилоти дуалиро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ роҳандозӣ намуданд. Дар онҳо ду соли аввал донишҷӯён таълимоти назарияро аз рӯйи фанҳои гуманитарӣ — умумӣ меомӯзанд, ду соли оянда таълимоти дуалӣ дар ҳамбастагии назария бо амалия дар корхонаҳои истеҳсолӣ баргузор мешавад. Айни ҳол дар Федератсияи Россия барномаҳои омода намудани кадрҳо аз рӯйи модели дуалӣ таъсис дода шудааст.

Ҳамин тариқ, бо тақозои замон ва талаботи бозори меҳнат имрӯз дар муассиса ва корхонаҳои саноатӣ талабот на танҳо ба мутахассисони соҳиби донишҳои назарӣ, балки ба мутахассисоне мебошад, ки донишу маҳорати мукаммали амалӣ низ дошта, кори худро нағз фаҳманд ва таҷрибаи фаъолияти корӣ дошта бошанд, дар ҳолатҳои номуайянӣ қарорҳои дуруст бароварда, иҷрои онро амалӣ намоянд.

Бо мушоҳида аз таҷрибаи ҷаҳонӣ системаи дуалии таълимот яке аз маъмултарин ва дастрастарин системаҳоест, ки метавонад дар тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнати кишварамон натиҷаи хуб диҳад. Махсусан, барои рушд ва тайёр намудани синфи коргар, ки дар тамоми соҳаҳои самти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ба он ниёз ҳаст, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро ба системаи таълимоти дуалӣ ворид намудан зарурат ба миён омадааст. Афзалияти таълими дуалӣ дар он аст, ки хатмкунанда дар давоми таҳсил дорои тамоми салоҳиятҳои зарурӣ ҷиҳати анҷом додани кори босифат мегардад.

Барои ворид гардидан ба таълимоти дуалӣ, қабл аз ҳама, дар ҳамаи зинаҳои муассисаҳои таҳсилоти касбӣ модели таълими дуалиро таъсис додан лозим аст. Вобаста ба ин масъала айни ҳол дар Вазорати маориф ва илм раёсатҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва олии баъд аз таълимӣ, ҳамчунин, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ муваззаф гардидаанд, ки доир ба ин масъала чораҳои амалӣ андешанд. Модели таълимоти дуалӣ аз як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф иборат мебошад, ки ба он стандартҳои таълимӣ, низомномаҳо дохил гардида, ҳамзамон ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тағйиру иловаҳо ворид намудан лозим аст. Чунки дар раванди таҷрибаомӯзӣ, ки зиёда аз 60 фоизи раванди таълимоти дуалиро ташкил медиҳад, корхонаи истеҳсолӣ ё муассисаҳои таълимӣ дар асоси шартномаи сеҷониба дар давоми таҳсил донишҷӯёнро ба ҷои кор таъмин намоянд.

Яке аз заминаҳои ташкили босифати таҳсилоти дуалӣ, пеш аз ҳама, маълумоти назарии таҳсилот бояд бо мисолҳои амалии воқеӣ дар истеҳсолот дақиқ ва амиқ карда шаванд. Бо ин мақсад, дар давраи таҳсил дар ҷойи кор ба таълимгирандагон қоидаҳои тартиботи меҳнатӣ вобаста ба талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд: ба дафтарчаи меҳнатӣ қайдҳо гузошта мешаванд, музди меҳнат тибқи шартномаи таҳсилоти дуалӣ ҳисоб карда мешавад. Ба таълимгирандагон, ҳамчунин, талабот оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат татбиқ карда мешавад. Ин ҷиҳатҳои хоси таълимоти дуалӣ на танҳо барои баланд бардоштани талаботи шаҳрвандон ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ мусоидат мекунанд, балки барои тайёр намудани мутахассисони баландпояи ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнат, ҳамзамон барои рушди ҳамаи зинаҳои муассисаҳои таҳсилоти касбӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Корхона бо талаботи қувваи кории худ ба муассисаи таълимӣ дархост намуда, меъёри талаботи худро дар шартнома дарҷ менамояд. Муассисаи таълимӣ дар навбати худ кӯшиш менамояд, ки талаботи корхонаро қонеъ гардонад. Дар ин раванд ҳадафи асосӣ, сифати таҳсилот ва сифати омодасозии мутахассисон баланд гардида, хатмкунандагон ҳамчун мутахассиси дорои на танҳо донишҳои назарӣ, балки мутахассиси соҳибкасби дорои маҳорату малакаҳои касбӣ баҳо дода мешаванд.

Таҳсилоти дуалӣ чӣ гуна ташкил ва роҳандозӣ мегардад?

Барои дар амал татбиқ намудани равандҳои таълими дуалӣ корхонае, ки ба мутахассис ниёз дорад, бо муассисаи таълимӣ шартнома мебандад. Инчунин, байни донишҷӯй ва корфармо шартнома ва байни донишҷӯй, корфармо ва муассисаи таълимӣ шартномаи сеҷониба баста мешавад. Шартномаҳо уҳдадориҳои ҳамаи тарафҳо ва шароити молиявиро баён мекунанд. Аз ин бармеояд, ки яке аз унсурҳои ҳатмии таҳсилоти дуалӣ шартнома оид ба таълими дуалӣ байни муассисаи таълимӣ, корхона ва таълимгиранда, барномаи таҳсилотӣ, нақшаи таълимӣ ва барномаи таълимӣ (силлабус), ҳамчун асос барои пешбурди фаъолияти таълим дар муассисаи таълимӣ ва дар корхона ва ҷойҳои кории таълимии муҷаҳҳазшуда дар корхонаҳо ба шумор мераванд.

Ташкили раванди таълим дар асоси барномаи таҳсилотӣ, нақшаи таълимӣ ва силлабус, ки мутобиқи Стандарти давлатӣ ва Низомнома оид ба ташкили раванди низоми кредитӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳия карда шудаанд, амалӣ карда мешавад. Дар барномаи таҳсилотӣ, нақшаи таълимӣ ва силлабус барномаи таълимӣ дар муассисаи таълимӣ ва корхона муайян карда шудааст, ки бояд аз ҷониби донишҷӯй аз худ карда шавад.

Дар банди 121 “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дарҷ гардидааст, ки барои муайян намудани имконоти рушди таҳсилоти дуалӣ бозори таҳсилот ва бозори меҳнат таҳлил карда шавад. Вазорати маориф ва илм бо мақсади иҷрои банди мазкури Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳлилҳо барои омода намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самтҳои омӯзгорӣ, техникӣ ва саноатӣ муассисаро барои гузаштан ба таълимоти дуалӣ ба таври пилотӣ омода намуда истодааст. Масъалаи мазкур дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи таълимӣ” ворид гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2023, №300 маъқул дониста шуд ва ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Тибқи қарори пешниҳодшуда мафҳуми “Таҳсилоти дуалӣ” ба таври зайл оварда шудааст: “Таҳсилоти дуалӣ-низоми таълим дар зинаҳои таҳсилоти касбӣ, ки дар он қисми назариявӣ дар муассисаи таълимӣ, қисми амалӣ дар истеҳсолот ва ё ҷойи кор амалӣ карда мешавад.” Таҳсилоти дуалӣ чунин шакли таҳсил мебошад, ки таҳсили донишҷӯёнро дар донишгоҳҳо бо таҷрибаи амалӣ ҳангоми таҷрибаомӯзӣ дар ширкатҳо ва ташкилотҳо пайваст менамояд. Он дар шарикии таркибии (сохтории) байни донишгоҳ ва корфармоҳо (ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, корхонаҳо ё хадамоти давлатӣ ва хусусӣ) созмон дода мешавад.

Баъзе аз омилҳои таълимоти дуалӣ аз оғози соли таҳсили 2022-2023 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ роҳандозӣ гардидаанд. Махсусан, муассисаҳои самти омӯзгорӣ вазифадор карда шуданд, ки барои фароҳам овардан ба воридшавӣ ба таълимоти дуалӣ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ шартномаҳои ҳамкорӣ баста, кафедраҳои тахассусӣ дар муассисаҳои таълимӣ кушода шавад. Ҳамзамон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки дар баробари муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии равияи омӯзгорӣ боз дар 4 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ – Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ ва Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон шуруъ аз соли нави таҳсили 2023-2024 ба таври пилотӣ таълимоти дуалиро роҳандозӣ намояд.

Лутфия Абдулхолиқзода,

муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,доктори илмҳои педагогӣ, профессор

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *