Бо мақсади омода намудани кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи маориф ва таъмини ҳайати захираи кадрии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои директорони муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва Роғун марҳилаи сеюми омӯзишҳо идома дорад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар шаҳри Душанбе.
Омӯзишҳо аз ҷониби кормандону омӯзгорони Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» дар шаҳри Душанбе амалӣ гардида, дар он тибқи нақша, дар 6 гурӯҳ фаъолияти таълимии фанҳои хониш ва математика тақвият дода мешавад.
Даврҳои омӯзишӣ дар асоси модулҳои «Идоракунӣ», «Омӯзиши иҷтимоӣ-эҳсосотӣ» ва «Тарҳи универсалии омӯзиш» ҷараён дошта, дар асоси таҷрибаҳои муосири фаъолият дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон коркард гардидаанд. Омӯзишҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи USAID «Биё, ҳамроҳ омӯзем» амалӣ мегардад.