30 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои замонавии Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе»-ро дар кӯчаи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мавриди истифода қарор доданд.Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити нави таҳсил дар ин даргоҳи илму маърифат шинос шуда, бо муҳассилину омӯзгорон суҳбати самимӣ анҷом доданд.Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи роҳбарияти шаҳри Душанбе дар доираи омодагиҳо ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе маблағгузорӣ ва бунёд гардида, барои 1200 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.Иншооти нав дар заминаи Гимназияи №53 ба номи Муҳаббат Маҳмудова бунёд карда шуда, дорои 65 синфхона ва утоқҳои дигари ёрирасон мебошад.Бинои муассисаи нави таълимӣ аз 6 бинои 4-ошёна иборат буда, дар он муосиртарин шароити илмомӯзӣ барои насли наврасу ояндасози миллат фароҳам карда шудааст.Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонии ин муассисаи таълимӣ 30 майи соли 2018 бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оғоз гардида буд.Инак иншоот дар рӯзҳои таҷлил аз 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози Соли нави хониши 2019-2020 бо сатҳу сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Муассисаи нави таълимӣ дорои 4 синфхонаи лингафонӣ, 2 синфи компютерӣ, синфхонаҳои озмоишгоҳи физика, кимиё, ҷуғрофия, биология, синфхонаи суруд ва мусиқӣ, синфхонаи омодагии дифои ҳарбӣ бо долони тайёрии машқҳои ҳарбӣ, синфхонаи нақшакашии техникӣ, таълими меҳнат, устохонаи коркарди матоъҳо ва технологӣ, устохонаи умумии коркарди фулузу чӯб иборат мебошад.Дар муассиса хуҷраҳои духтури дандон ва равоншинос низ мавҷуданд.Дар литсей бо мақсади ташаккули нутқи хонандагон ва инкишофи зеҳнию мантиқии онҳо утоқҳои логопедӣ ва арифметикаи зеҳнӣ таъсис дода шудаанд, ки ба таъкиди масъулин, ин таҷрибаи нахустин дар муассисаҳои таълимии ҳамагонии мамлакат мебошад.Китобхонаи электронии муассиса бо 25 адад компютер ва хати баландсуръати интернет таъмин гардидааст.Синфхонаи технологияи иттилоотии муассисаи замонавии таълимӣ дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе бо муосиртарин дастгоҳҳои корӣ таъмин буда, дар он барои хонандагон тамоми шароити омӯзишӣ фароҳам карда шудааст.Ҳамзамон иншооти нав дорои ошхона бо 600 ҷойи нишаст, толори варзишӣ дар масоҳати 542,8 метри мураббаъ бо 200 ҷойи нишаст ва маҷлисгоҳ бо 450 ҷойи нишаст мебошад.Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» ба касбу ҳунаромӯзии муҳассилин таваҷҷуҳи хосса дода шуда, дар таҳхонаи бино синфхонаҳои технологияи меҳнат барои духтарону писарон, омодагии дифои ҳарбӣ ва студияи хореографӣ бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ кушода шудааст.Бо мақсади оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҳавлии муассисаи таълимӣ майдончаи варзишии муосир бо паҳноии 20 ва дарозии 40 метр сохта шуда, дар маҷмӯъ масоҳати он 800 метри мураббаъро дар бар мегирад.Майдонча барои бозиҳои футбол, волейбол ва дигар намудҳои варзиш пешбинӣ гардида, ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир сохта шудааст.Дар шафати майдончаи варзишӣ майдони тайёрии ҳарбӣ низ бунёд гардидааст.Дар ҳудуди таълимгоҳ 1 адад трансформатори баландшиддати барқӣ насб гардида, ҳамчунин иншоот бо системаи гармидиҳии мутамарказонидашуда пайваст мебошад.Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бинои литсей баҳои баланд доданд.Пас аз ифтитоҳи Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори барҳавои он бо хонандагону омӯзгорон ва аҳли маорифи пойтахт мулоқот намуда, онҳоро ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли нави хониши 2019-2020 табрику таҳният гуфтанд.Сарвари давлат зимни суханронӣ хонандагону омӯзгоронро ба истифодаи пурсамари шароити муосири илмомӯзӣ ҳидоят карда, вобаста ба тадбирҳои муассири давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёду навсозии муассисаҳои шакли нав дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо мақсади боло бардоштани сатҳу сифати илмомӯзии насли наврасу ояндасози миллат ёдовар шуданд.Таъкид гардид, ки барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таълимӣ ва муҳайё намудани имконоти муосири илмомӯзии насли навраси кишвар имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бунёди садҳо муассисаҳои таълимӣ бо назардошти талаботи замон идома дорад ва то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештари онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.Атрофи литсей дар доираи тадбирҳои ободонӣ дар масоҳати 7 ҳазору 552,9 метри мураббаъ сабзазор ва чароғон карда шуда, намои иншооти таълимӣ шабонгоҳ хеле зебою назаррабо ба назар мерасад.
ХАБАРҲО
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6 дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи бинои мактаби санъат дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №70 дар ноҳияи КӯшониёнИфтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи КӯшониёнҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»