Агар тарбия дуруст бошад…

Тарбияи шахсиятҳои донишвару ватандӯст, соҳибкасбу ҳунарманд вазифаи аввалиндараҷаи мактабу маориф мебошад. Ба насли ояндасози миллат, пеш аз ҳама фаҳмондан  лозим аст, ки террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро, хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. 

Расидан ба ояндаи нек танҳо бо суханони шифоҳӣ ва ифтихори забонӣ муяссар намешавад. Дар ин роҳ самимият, масъулиятшиносӣ, неруи эҷодиву хиради инсониро дареғ надоштан нисбат ба фаъолияти ҳамдигар бетараф набудан лозим аст. Бояд дар ниҳоди ҷавонон ва насли ояндасози миллат завқи забономӯзӣ, мутолиа ва омӯзиши адабиёти бадеӣ, илмию назариявӣ, васоити ахбори омма, интихоби дурусти касб барои ояндаи дурахшонро бедор намуд. Чӣ хеле ки мегӯянд: «Ҳамсуҳбатӣ омили ҳамзабонист, ки расидан ба ҳамдилиро метезонад». Барои бедор кардани завқи забономӯзии ҷавонон бояд фазои маърифатии муҳассилин ғанӣ гардонида шавад. Ҳар як омӯзгор дар машғулиятҳои тарбиявӣ, суҳбатҳои инфиродӣ ба хонандагон бо истифода аз роҳу воситаҳои гуногун (намоиши филмҳои тарбиявӣ, хондани китобҳои бадеӣ, иштирок дар чорабиниҳои беруназсинфӣ, маҳфилҳои фаннӣ ва варзишӣ, ташкили саёҳат ба хона – музейҳои таърихи кишваршиносӣ) дар дили хонандагон нисбат ба маҳалгароӣ ва ифротгароӣ нафрат пайдо намуда, оқибати бади ин амалҳоро фаҳмонад. Ҷавонон бояд дар ҳар давру замон, дар ҳолатҳои гуногун зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба суханони душманони дохилию хориҷӣ фирефта нашаванд. Роҳҳои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳо хеле зиёд аст. Ба хонандагон моҳияти рафтори некро фаҳмондан лозим. Онҳо бояд донанд, ки маънои «Кори савоб» ин ниҳоле сабзонидан, шогирде тарбия кардан, иморате сохтан ва маконеро обод кардан аст. Роҳи дигар ин ҳамкорӣ бо волидайн аст. Мактабу оила бояд бо ҳам ҳамкории зич дошта бошанд. Ҳам волидайн ва ҳам омӯзгор бояд аз ҳар қадами ҷавонон бохабар бошанд. Волидайн имрӯз дар баробари мактаб вазифадоранд, ки дар тарбияи фарзандашон масъулиятшинос бошанд, зеро тарбия аз оила сар шуда, дар муассиса сайқал меёбад. Аз таҷрибаи зиндагӣ ва фаъолияти корӣ ба хулосае омадам, ки оилаи солим, фарзандони солимро ба камол мерасонад. Аксарияти он ҷиноятҳое, ки аз тарафи ҷавонон содир мешаванд, аз оилаҳои носолим, ки падару модари онҳо маърифати паст дошта, нисбат ба тақдири кӯдаки худ бетарафанд, сар мезананд. Вақте фарзанд дар оила меҳру муҳаббатро ҳис намекунад, албатта, ба корҳои ношоям даст мезанад.

Омӯзгорони мактаби мо дар назди худ нақша гузоштаанд, ки сатҳу сифати таълим, омӯзиши илмҳои муосир, бархӯрдор будан аз технологияи инноватсионӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, зинда гардонидани ҳунарҳои миллӣ, ҳифз кардани осорҳои ниёгони худро дар асоси иқдомҳои навини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон монда, дар ободонии Ватан ва омӯзишу тарғиби ҳунарҳои миллӣ саҳми хешро гузорад. 

Саидалӣ

САЛОМОВ,  

омӯзгори мактаби №3,

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *