22 августи соли 2023 дар Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Худоёров Фарҳод Таварович, муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ Шукурзода Саодат Нусратулло, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ Раҷабзода Дилафрӯз, собиқадорони соҳаи маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва миёнаи умумии новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии ноҳия Конференсияи августии кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таҳти унвони “Тарбияи насли ватандӯсту ояндасоз-рисолати омӯзгор” баргузор шуд.
Иштирокчиёни Конференсияи августии кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ қабл аз оғози чорабинӣ дар саҳни муассиса бо корҳои эҷодӣ ва дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабии ноҳия шинос шуданд. Гуфта шуд, ки бо мақсади таҷлили шоиста аз ҷашни навбатии Истиқлоли давлатӣ дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия аз ҷониби масъулин ба хотири намоиши дастовардҳо чунин корҳои эҷодӣ анҷом дода шудааст. Сипас, дар толори муассиса Конференсия ба кори худ шуруъ намуд. Дар оғози чорабинӣ мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ Раҷабзода Дилафрӯз тамоми роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳияро бо оғози соли нави таҳсил табрик намуда, изҳор дошт, ки аҳли маорифи ноҳия кӯшиш намудаанд, то соли таҳсили навро бо омодагии ҳамаҷониба ва шароити мусоид пешвоз гиранд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли равон тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, муассисаҳо ба қабули хонандагон ва кӯдакон омода мебошанд. Дар идома мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ Раҷабзода Дилафрӯз вобаста ба дастовардҳои муассисаҳои таълимӣ дар замони муосир ва идоракунии он дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза намуд. Конференсияи августии кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ ба истиқболи рӯзи дониш баргузор гардида, дар он ҷиҳати рӯҳбаланд намудани маорифчиёни ноҳия, 58 нафар собиқадорону омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ сарфароз гардонида шуданд.