БАРГУЗОРИИ МАШВАРАТИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

22 августи соли 2023 дар толори Мактаби муосири байналмилалии шаҳри Душанбе бо иштироки муовини раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа Сафарализода Ситора Сафаралӣ, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Бобозода Асомиддин Ҳасан, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сино Амирулозода Беҳруз Амирулло, намояндагон аз Прокуратура, Суд, ШВКД-1, ШВКД-2, шуъбаи КДАМ ҶТ дар ноҳия, МНДСЭ-и ноҳия, КИҲХДТ дар ноҳия, собиқадорони соҳаи маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва миёнаи умумӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии ноҳия иштирок намуданд.

Иштирокчиёни машварати августии кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қабл аз оғози чорабинӣ дар саҳни муассисаи таълимӣ бо корҳои эҷодӣ ва дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабии ноҳия шинос шуданд. Қайд гардид, ки бо мақсади таҷлили шоиста аз ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия аз ҷониби масъулин ба хотири намоиши дастовардҳо чунин корҳои эҷодӣ анҷом дода шудааст. Сипас, дар толори муассиса Машварат ба кори худ шуруъ намуд. Дар оғози чорабинӣ мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Амирулозода Беҳруз Амируло ҳамаи меҳмонон, собиқадорони соҳаи маориф ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумиии ноҳияро ба оғози соли нави таҳсил табрик намуда, изҳор дошт, ки аҳли маорифи ноҳия кӯшиш намудаанд, то соли таҳсили навро бо омодагии ҳамаҷониба ва шароити мусоид пешвоз гиранд. Ҳамзамон қайд гардид, ки бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси ноҳияи Сино муҳтарам Саидзода Тоҷиддин Ниёз соли равон ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, муассисаҳо ба қабули хонандагон ва кӯдакон омода пурра мебошанд. Дар идома мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сино Амирулозода Беҳруз Амирулло вобаста ба дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар замони муосир ва идоракунии он дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза намуд. Машварати августии кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Сино ба истиқболи Рӯзи дониш баргузор гардида, дар он ҷиҳати рӯҳбаланд намудани маорифчиёни ноҳия ба меҳмонон, собиқадорону омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, ҳамкории судманд бо шуъбаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ сарфароз гардонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *