31 августи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Маҳаллаи навбунёди рақами 2, ба номи Рустам Амакии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бинои нави Гимназияи хусусии “Саидумар” -ро мавриди истифода қарор доданд.
Таълимгоҳи мазкур дар масоҳати 72 садяк замин доман густурда, худи иншоот дар масоҳати 7 ҳазору 245 метри мураббаъ қомат афрохтааст ва барои 2700 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Мактаб аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Рустам Саидов бунёд гардида, корҳои сохтмониро дар иншоот пудратчӣ — Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи холдингии “Осиё Гурӯҳ Тоҷикистон” ва лоиҳакаш — Корхонаи воҳиди давлатии пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотию лоиҳакашии “Душанбешаҳрсоз” анҷом додаанд.
Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи Гимназия тарҳи нав буда, аз ҷониби лоиҳакашони пуртаҷриба таҳия ва ҳамаи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ риоя гардида, бори аввал дар бунёди муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳри Душанбе истифода шудааст.
Ба Сарвари давлати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки иншоот аз 4 бинои 4-ошёна иборат буда, бо дарназардошти талаботи замони муосир ва истифодаи масолеҳи хушсифати сохтмонӣ бунёд гардидааст. Корҳои бунёдӣ дар таълимгоҳ соли 2019 шурӯъ шуда, бо сифати баланд ва дар муҳлати муайянгардида мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Корҳои бунёдӣ аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ иҷро гардида, ҷараёни сохтмонро мутахассисону меъморони соҳибтаҷриба назорат намуданд.
Таълимгоҳ бо тамоми инфрасохтори замонавӣ бунёд шуда, аз 66 синфхонаи муҷаҳҳаз, аз ҷумла утоқҳои омӯзиши химия, физика, биология, синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ, лингафонӣ, озмоишгоҳҳо, синфхонаи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, сехи қаннодӣ, ҳуҷраи махсуси духтури дандон, равоншинос, логопед, китобхона бо толори хониш ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Бо мақсади амалӣ намудани Барномаи давлатии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар мактаб шароитҳои хуби дарсомӯзӣ муҳайё гардида, тамом синфхонаҳои фаннӣ бо лавозимот ва асбобҳои озмоишӣ таъминанд.