Бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти корҳои ободонӣ» дар соли 2023 идома дорад. Комиссияи шаҳрӣ барои муайян намудани ғолиби озмун бо ҳолати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №28-и ноҳияи Фирдавсӣ ва 56-и ноҳияи Сино ва муассисаҳои таҳсилоти томактабии №63, 72-ноҳияи Фирдавсӣ, №1-и ноҳияи Шоҳмансур ва 112-и ноҳияи Сино шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.
Озмуни мазкур тӯли 5 сол аст, ки дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардида, ҳадаф аз он ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи маорифи пойтахт дар самти тарғибу ташвиқ намудани корҳои созандагӣ, ободонӣ, сабзкорӣ ва бо гулу буттаҳо ороиш додани муҳити муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад.
Дар айни замон ин озмун дар шаҳр идома дорад. Ҳайати комиссия, ки дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе тасдиқ гардидааст, пурра ба фаъолияти муассисаҳо дар самти корҳои ободонӣ баҳо мегузорад.
Бояд гуфт, ки озмун дар асоси принсипҳои баробарии ҳуқуқу имконият, ташаббус ва эҷодкории озодона, нигоҳ доштани урфу андешаҳои миллӣ, тарғиби таъриху тамаддуни тоҷикон гузаронида мешавад.
Дар асоси Низомномаи озмуни «Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти ободонӣ» дар соли 2023 нишондиҳандаҳо барои муайян намудани беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти корҳои ободонӣ, вазъи кунунии муассисаи таълимӣ, ҳолати биноҳо, иншоот, сабзазоркунии атроф ва роҳраву ҳавлӣ, ҷалби сармояи соҳибкорони ватанӣ барои ободкории муассисаи таълимӣ, муҳити зист ва экология бо дарназардошти намуди кӯчаву роҳравҳо, ободонӣ, рангубор, сафед кардани бино ва дигар иншооти муассисаи таълимӣ, насби таҷҳизоти равшанидиҳандаи ороишӣ, инчунин сабзазоркунӣ, ниҳолшинонӣ, гулу буттаҳои мавсимӣ ва фазои сабзиши онҳо ва сифати корҳои иҷрошуда дар мавзеъҳои вобасташудаи гулкорӣ ба назар гирифта мешавад.