Дар Душанбе Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз гардид

 Дар доираи ҷаласаи панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон имрӯз, 13 сентябр Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар ифтитоҳи форум вазирони маорифи Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.

Форумро ректори донишгоҳи миллӣ профессор Қобилҷон Хушвахтзода оғоз бахшида, ташрифи меҳмононро ба Донишгоҳи миллӣ хайрамақдам гуфт.

Ин форуми дуюми ректорони давлатҳои Осиёи Марказӣ аст, ки баргузор мешавад. Баргузории он дар шароити кунунӣ муҳим буда, дар густариши равобити илмиву фарҳангии панҷ давлати минтақа заминаҳои нав фароҳам меоварад.

Ҳамкории имрӯзаи донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ метавонад барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайяни стратегӣ мусоидат намояд. Дар нақша аст, ки дар форум намояндагони зиёда аз ҳафтод донишгоҳ иштирок менамоянд, ки аз ин 35 нафар аз муассисаҳои олии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон мебошанд.

Дар маҷмуъ, наздики сад нафар намояндагони муассисаҳои олии таълимии минтақа дар форум иштирок доранд ва байни ҳам барои таҳкими муносибатҳои гуногунҷабҳаи илмию амалӣ табодули таҷриба менамоянд.

Дар форум байни роҳбарони муассисаҳои олии таълимии Тоҷикистон ва дигар давлатҳои минтақа як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Дар идомаи сиёсати байналхалқии муваффақонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин форум метавонад ба самтҳои илм, таълим ва инноватсия такони нав бахшида, дар дӯстиву равобити халқҳои минтақа мусоидат намояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *