Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ идома дорад. Дар он намояндагони зиёда аз 70 донишгоҳ аз Осиёи Марказӣ иштирок намуда, 40 созишнома ба имзо мерасонанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессор Қобилҷон Хушвақтзода иброз дошт, ки Форуми дуюми ректорони муассисаҳои олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ бори аввал бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иброз дошт, ки мулоқоти имрӯза далели равшани он аст, ки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба низоми маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, масъалаи таълиму тарбияро дар меҳвари асосии сиёсати худ қарор додаанд.
Гуфта шуд, ки давоми солҳои охир донишгоҳҳои Тоҷикистон бо беш аз 200 муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ қарордодҳои ҳамкорӣ имзо намудаанд.
Мақсади асосии созишномаҳои ҳамкорӣ- иштирок ва татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ, ташкили ҳаракати академии донишҷӯён ва ҳайати омӯзгорон, омода намудани мутахассисони баландихтисоси рақобатпазир, баланд бардоштани тахассус ва маҳорати касбии онҳо ва омода намудани кадрҳои илмӣ мебошад.
Зимни Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе баимзорасии беш аз 40 созишнома дар назар аст, ки имзои онҳо ба беҳтар шудани сифати таълиму тарбия мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки форуми мазкур дар доираи нишасти панҷуми роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ давоми ду рӯз идома ёфта, 14 сентябр ҷамъбаст мегардад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон