«ОМӮЗГОРИ СОЛ-2023». Дар Душанбе даври шаҳрии озмун оғоз гардид

Дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол-2023» оғоз гардид. Дар он омӯзгорони чор ноҳияи пойтахт байни ҳам донишу маҳорати касбӣ месанҷанд. Дар ин  хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.

Дар ин даври озмун  омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ Сиротулло Зоиров, муаллими  фанни географияи Литсейи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи Шоҳмансур Некрӯз Турсунзода, омӯзгори фанни биологияи МТМУ №90-и ноҳияи Сино Тахмина Мирзохоҷаева ва муаллими  фанни химияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №124-и ноҳияи Фирдавсӣ Самандар Одинаев иштирок менамоянд.

Тибқи тартиб қисмати амалии даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол-2023» аз Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе оғоз гардид. Сипас, ҳайати ҳакамони даври шаҳрии озмун бо тартиби таълим дар Литсейи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе шинос шуданд.

Тибқи Низомномаи озмун,  довталабон дарсҳои намунавӣ аз рӯи ихтисос, муаррифии таҷрибаи корӣ, таҳлили дарс (худбаҳодиҳӣ), маҷлиси падару модарон ва соати тарбиявӣ доир намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *