«ТОҶИКОН-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». 24 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ҷумҳуриявии ин озмун роҳхат гирифтанд

Ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон-оинаи таърихи миллат» дар шаҳри Душанбе муайян шуданд. Дар он 24  довталаб ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Дар ин  хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.

Озмун аз 13 то 16 сентябрдар Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар он аз ҷумла, 4 нафар сазовори ҷойи якум, 8 нафар ҷойи дуюм ва 12 нафар ҷойи сеюм гардиданд.

Дар даври якуми озмун 43169 довталаб ва дар даври дуюм бошад 1227 нафар  иштирок намуда, маҳорату қобилияти худро дар нақлу тафсири воқеаҳои таърихии давраҳои муайян, сухандонӣ, асосноккунии рўйдодҳои таърихӣ ва мақоми онҳо дар таърихи халқи тоҷик, донистани санаҳои муҳимми таърихӣ, давраҳои таърихӣ ва чеҳраҳои таърихсози халқи тоҷик, сарчашмаҳои таърихӣ ва асарҳои илмию бадеӣ оид ба таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик нишон доданд.

Аз шумораи умумии довталабон 100 нафар ғолиби даври дуюм дониста шуда, ба даври сеюм роҳхат гирифтанд, ки 28 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (9-11), 27 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 26 нафар омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва муассисаҳои илмӣ ва 19 нафар калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун ташкил медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» соли аввал аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров  баргузор карда мешавад.

Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи феврали соли 2023 то моҳи декабри соли 2023 ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад:

даври якум – моҳи феврал дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

— даври дуюм – моҳи июн дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе);

— даври сеюм – нимаи дуюми моҳи сентябр дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;

— даври чорум — нимаи якуми моҳи декабр барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон».

Озмуни мазкур  ба дарёфти чеҳраҳои нав, наврасону ҷавонони лаёқатманд, худшиносу худогоҳ, ватандӯст ва таърихдон мусоидат менамояд.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *