«МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2023». Дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии озмун оғоз ёфт

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон — 2023» оғоз гардид. Дар он иштирокчиён аз рӯи шаш шарт: муаррифии фаъолияти педагогӣ, дониш ва маҳорати касбии довталаб, мизи мудаввар, таҳлили ҳолатҳои равонӣ – педагогӣ, машғулияти таълимӣ ва тасвир намудан ва сохтани манзара бо дархости ҳайати доварон ҳунару маҳорати худро месанҷанд.

Озмуни мазкур ҳар сол бо мақсади баланд бардоштани мақоми таҳсили томактабӣ дар шароити имрӯза ва нишон додани афзалияти таҳсили томактабӣ дар пешрафти ҷомеа, дарёфт ва ошкор сохтани мураббиёни боистеъдод, навовар ва эҷодкор, қадрдонии меҳнати онҳо ва баланд бардоштани мақому манзалаташон дар ҷомеа, рушди фаъолияти касбии кормандони соҳаи маориф, тарғиб намудани таҷрибаи пешқадами мураббиёни беҳтарини Тоҷикистон гузаронида шуда, дар ин самт аз тарафи Вазорати маориф ва илм барои дар сатҳи баланд ва шаффоф доир намудани он тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон — 2023» дар муассисаи таҳсилоти томактабии №136-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 3 рӯз давом ёфта, ҷамъбасти он 23 сентябр дар назар дошта шудааст.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *