Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони варзида таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Дар баробари ин, ҷиҳати ҷалби ҷавонони лаёқатманду боистеъдод ва навовар барои таҳсил дар муассисаҳои олии касбии хориҷи мамлакат Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» таъсис дода шудааст. Сарвари давлат зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон иброз доштанд, ки фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, зиёд намудани маблағгузории соҳаи маориф, давра ба давра баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон, зиёд намудани бурсияву стипендияҳо, аз ҷумла, Стипендияи президентии «Дурахшандагон», ҷудо намудани квотаи президентӣ ва тадбирҳои дигар далели возеҳи таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат ба масъалаи таълиму тарбия мебошанд. Натиҷаи ҳамин таваҷҷуҳ аст, ки имрӯз дар 35 муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатҳои пешрафтаи дунё беш аз 41 ҳазор нафар ҷавонони мо таҳсил доранд. Худи ҳамин сол беш аз 5000 нафар ҷавонон барои таҳсил ба давлатҳои хориҷӣ фиристода шуданд. Вобаста ба мақсаду вазифа ва фаъолияти Маркази барномаҳои байналмилалӣ директори он Рамазон Одиназода зимни суҳбат чунин ибрози андеша намуд.
– Муҳтарам Рамазон Одиназода, дар оғоз мехостем ҳадаф ва вазифаҳои Маркази барномаҳои байналмилалиро тавзеҳ медодед.
– Маркази барномаҳои байналмилалӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст. Мақсад ва вазифаҳои марказ, пеш аз ҳама, аз он иборат аст, ки тавассути он мутахассисоне, ки дар мактабҳои олии дохили мамлакат омода карда намешаванд, ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои хориҷӣ фиристода мешаванд, то норасоии кадрӣ бартараф шавад. Ҳамзамон механизми баъд аз хатми мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ ба танзим дароварда шуда, мутахассисонеро, ки дар асоси бурсияҳо дар хориҷи мамлакат таҳсил намудаанд, бо ҷойи кор таъмин менамоянд. То имрӯз беш аз 100 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои хориҷиро хатм намуда, ба Ватан баргашта, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият доранд.
– Шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи ҷумҳурӣ аз рӯйи кадом ихтисосҳо таҳсил менамоянд ва марказ баҳри бартараф намудани мушкилоти донишҷӯёне, ки дар хориҷи мамлакат таҳсил доранд, кадом корҳоро анҷом медиҳад?
– Дар стратегия ва барномаҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, аз ҷумла, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», ҳадафҳои олии мамлакат – саноатикунонии босуръати мамлакат, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва раҳоии мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ буда, барои татбиқи онҳо мутахассисон дар макотиби олии хориҷи мамлакат омода мешаванд. Дар айни замон беш аз 41 ҳазор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи ихтисосҳои иқтисодӣ, техникӣ, риёзӣ, тиббӣ ва амсоли инҳо дар 47 давлати дунё таҳсил доранд.
Дар баробари ин, мунтазам тавассути воситаҳои муосири муошират ҳамкорӣ ва равобит бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил доранд, ба роҳ монда шудааст. Кормандони марказ фаъолият ва мушкилоти донишҷӯёни тоҷикро пайваста пайгирӣ намуда, вобаста ба ноҷӯриҳое, ки дар ҳаёти онҳо ба вуҷуд меоянд, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ – ватсап, месенҷер, телеграм ва дигар воситаҳои иртиботӣ дар тамос мешаванд. Инчунин ба воситаи сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ мушкилоти онҳо бартараф мешавад. Донишҷӯёни тоҷике, ки дар хориҷи мамлакат таҳсил менамоянд, гоҳ-гоҳ ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мегарданд, ки яке аз омилҳои он надонистани талаботи қонунгузории ҳамон мамлакат ва ё талаботе, ки бевосита барои шаҳрвандони хориҷӣ пешбинӣ шудааст, мебошад. Бо пешниҳоди муроҷиат зуд ба мушкилоти онҳо расидагӣ мешавад.
– Тавассути Маркази барномаҳои байналмилалӣ киҳо ҳуқуқи таҳсил дар хориҷи мамлакатро доранд ва аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор мебошанд?
– Бояд таъкид намуд, ки дар асоси сиёсати хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои байниҳукуматӣ барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон бурсияҳо ё грантҳои таҳсилӣ ҷудо мегарданд. Инчунин бо ташаббуси Пешвои миллат Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» таъсис дода шуда, тавассути он танҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи таҳсил дар хориҷи мамлакатро ба даст меоранд.
Ҳамчунин сол то сол мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ роҳҳои осон ва самарбахши ҷалби довталабонро тавассути онлайн ба роҳ мондаанд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд аз тариқи онлайн худро ба қайд гиранд ва баъд аз супоридани имтиҳонҳо дар мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ таҳсилро идома диҳанд. Бурсияҳое, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ дар асоси қонунгузории ҳамон давлат пешбинӣ шудаанд, ба истилоҳи англисӣ Full scholarships мешавад, яъне, таҳсили ройгон бо дарназардошти соҳиби имтиёз ё стипендияи махсусе, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ ҷойҳои буҷавӣ ё ройгон пешниҳод кардаанд ва метавонанд аз ин бархӯрдор бошанд. Онҳое, ки тавассути маркази мазкур ба хориҷи давлат барои таҳсил фиристонида мешаванд, рӯйхаташон ба сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар он кишварҳо равон карда мешавад ва дар сурати ба мушкилот рӯ ба рӯ шудан аз ҷониби намояндагии дипломатӣ раванди таҳсили онҳо назорат мешавад. Шаҳрвандоне, ки худашон мустақиман дар донишгоҳҳои хориҷи мамлакат ҳуҷҷат ва ба таври ҳузурӣ имтиҳон месупоранду донишҷӯ мегарданд, агар худро аз қайди расмӣ гузаронанд, манфиатнок хоҳад буд.
–Воқеан, Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» аз ташаббусҳои муҳими Пешвои миллат мебошад, ки имкони мусоидро барои таҳсил ба беҳтарин макотиби олии давлатҳои олии хориҷӣ фароҳам овардааст. Раванди қабул ба стипендияи мазкур чӣ гуна амалӣ мешавад?
– Тибқи Низомномаи Стипендияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ҷараёни қабули довталабон ду давраро дар бар мегирад. Даври аввал аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад ва даври дуюм аз ҷониби раис ва аъзои комиссияи ҷумҳуриявӣ. Бо довталабон, ҳамчунин коршиносони мустақил дар масъалаи дараҷаи забондонӣ, доштани сертификатҳои байналмилалӣ суҳбати озод анҷом медиҳанд. Он донишҷӯёне, ки ғолиби озмун дониста мешаванд, аз ҷониби комиссияи ҷумҳуриявӣ тасдиқ ва маблағгузории онҳо дар кишварҳои хориҷӣ фароҳам ва механизми банақшагирии ихтисосҳо дар асоси дархости вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат пешниҳод мешавад. Рӯйхати ихтисосҳо аз ҷониби раиси комиссияи ҷумҳуриявӣ – муовини Сарвазири мамлакат тасдиқ мегардад ва баъд аз он қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои озмун оғоз меёбад. Имтиҳонҳо дар асоси низомнома доир шуда, довталабон бояд ҷавобгӯ ба талаботи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Аврупову Амрико бошанд. Ҳамзамон довталабони озмун бояд дорои сертификатҳои байналмилалӣ – TOEFL, IELTS, Duolingo бо холҳои муайян бошанд. Аз ин рӯ, ҳангоми қабул довталабоне, ки дар доираи стандартҳои мактабҳои олии давлатҳои хориҷии мавриди назар ҷавобгӯ ҳастанд, интихоб ва дастгирӣ мешаванд.
— Ҳамасола тавассути Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод барои таҳсил ба хориҷи мамлакат фиристонида мешаванд. То имрӯз тибқи стипендияи мазкур чанд нафар таҳсил намудаанд?
– Бо дарназардошти пандемия муддате фиристодани шаҳрвандони Тоҷикистон ба макотиби олии давлатҳои хориҷӣ мавқуф гузошта шуд. Вале соли таҳсили 2022-2023 ва соли таҳсили 2023-2024 зиёда аз 200 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолиби озмуни стипендияи мазкур гардиданд ва онҳо дар мактабҳои олии Олмон, Британияи Кабир, Италия, Канада, ИМА, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Сингапур ва ғайра таҳсил доранд.
Мояи ифтихор аст, ки фаъолият ва таҳсили шаҳрвандони тоҷик дар мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ назаррас аст ва онҳо дар аксар озмунҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардида, бо баҳои аъло таҳсил менамоянд.
Нуктаи муҳимми дигар он аст, ки шаҳрвандони тоҷик дар мактабҳои олии кишварҳои Аврупо дар соли аввал курси Фаундейшн (Foundation), яъне, курси омодагиро барои дохил шудан ба донишгоҳ дар як сол ба таври мукаммал меомӯзанд. Бе омӯзиши курси номбурда шаҳрвандони тоҷик ҳуқуқи шомил шудан ба донишгоҳҳоро надоранд. Яъне, стандарти давлатҳои аврупоӣ тақозо менамояд, ки шаҳвандони ИДМ ҳатман як сол курсро ба таври ҳамаҷониба фаро бигиранд. То имрӯз дар асоси Стипендияи «Дурахшандагон» беш аз 1000 нафар мактабҳои олии давлатҳои хориҷиро хатм намудаву ба Ватан баргаштаанд ва дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолияти пурсамар доранд.
Бояд гуфт, ки классификатори давлатии мо тибқи он соҳаҳое, ки дар дохили мамлакат мавҷуд аст, тарҳрезӣ шудааст ва он аз классификатори таҳсилоти давлатҳои Аврупову Амрико ва дигар кишварҳо фарқ менамояд. Чун дар дигар давлатҳо классификатори давлати мо ихтисосҳои ҳамгироро дар бар мегирад, дар он якчанд ихтисос ба ҳам муттаҳид шудаанд. Масалан, мушовири молиявӣ ва сармоягузорӣ: чунин ихтисосҳо дар давлатҳои Аврупо омода карда намешаванд, чунки дар низоми онҳо бисёр ихтисосҳо дар алоҳидагӣ омода мешаванд. Барои мутахассис танҳо дар як самт ихтисоси молия ва дар самти дигар — сармоягузорӣ тахассуси алоҳида дода мешавад, яъне барои ба ихтисосҳои мушовири молиявӣ ва сармоягузорӣ соҳиб шудан зурар аст, ки ду нафарро ба таҳсил фиристонем.
– Оё дар назди марказ курсҳои омӯзишӣ ҷиҳати ҷалби довталабон ба мактабҳои олии давлатҳои хориҷӣ таъсис дода шудаанд?
– Дар айни замон дар марказ чунин курсҳо ва фаъолияти таълимӣ мавҷуд нест. Дар асоси оинномаи марказ, ки аз ҷониби Вазири маориф ва илм моҳи декабри соли 2022 тасдиқ гардид, ба он тағйиру иловаҳо ворид шуд ва барои бозомӯзӣ, ба роҳ мондани курсҳои забондонӣ, аз қабили курси тайёрӣ барои супоридани имтиҳоноти TOEFL, IELTS, Duolingo гуфта шудааст. Дар асоси он ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳиб шудан ба бинои таълимӣ дархост пешниҳод шуд ва он дастгирӣ ёфт.
Тавассути ҷалби грантҳо ва инвеститсияҳои хориҷӣ ва бо дастгирии Вазорати маориф ва илм лоиҳаи ангоравӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар сурати дастгирӣ ёфтан аз ҷониби шарикони рушд ояндаи наздик имкон пайдо мегардад, ки ба курсҳои омодагӣ ва курсҳо барои дастрас намудани сертификатҳои TOEFL, IELTS, Duolingo мусоидат намуда шавад. Дар заминаи ҳамкорӣ ва дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир аз ҷониби шарикони рушд таклифу пешниҳодҳо дастрас гардид. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик соҳиби иҷозатномаи байналмилалӣ аз ҷониби Британияи Кабир гардем ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шомил гардидан ба мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ бо супоридани имтиҳоноти TOEFL, IELTS, Duolingo дар дохили мамлакат соҳиби иҷозатнома мегарданд. Ҳоло довталабони тоҷик барои ба даст овардани сертификати байналмилалии IELTS ба ҷумҳуриҳои Узбекистону Қазоқистон ва дигар давлатҳо сафар менамоянд.
– Дар як соли охир Маркази байналмилалӣ кадом корҳои назаррасро анҷом додааст?
– Маркази барномаҳои байналмилалӣ дар як соли охир имкон пайдо намуд, ки таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъмин намояд. То соли 2022 ғолибони озмуни Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» асосан ба давлатҳои ИДМ фиристода мешуданд. Аз соли 2022 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар кишварҳои низоми маорифашон пешрафта, аз ҷумла, ба давлатҳои Аврупо, ИМА, Канада, Сингапур ва ғайра ба таҳсил равона намудем, ки онҳо 5 забони хориҷиро хуб медонанд ва донишу ҷаҳонбинии васеъ доранд. Нуктаҳое, ки дар суханрониии Пешвои миллат дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон вобаста ба ҷалби бештари ҷавонони лаёқатманду донишманд ҷиҳати таҳсил ба макотиби олии давлатҳои хориҷӣ иброз шуданд, масуълияти кормандони марказро бештар менамоянд.
Дар ин замина зарур аст ба ихтисосҳое таваҷҷуҳ шавад, ки дар дохили мамлакат омода намешаванд, то мушкилоти кадриро дар ҳама соҳаҳо бартараф намоем.
Ба ҳамагон маълум аст, ки сол то сол талабот ҳам дар макотиби олии дохили мамлакат ва ҳам хориҷи мамлакат бештар мегардад. Аз ин рӯ, он толибилмоне, ки мехоҳанд дар хориҷи мамлакат таҳсил намоянд, бояд бештар мутолиа ва забонҳои хориҷиро ба таври назаррас аз худ намоянд, техникаву технологияи замонавиро ҳаматарафа фаро гиранд ва дар бораи талаботи мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ маълумоти бештар дошта бошанд.
Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» имкони беҳтарин ҷиҳати вусъат додани дониши ҳамаҷонибаи ҳар ҷавони лаёқатманду соҳибистеъдод ба шумор меравад. Шоистаи таъкид аст, ки ғолибони стипендияи «Дурахшандагон», ки берун аз давлатҳои ИДМ таҳсил менамоянд, бо стипендияи ҳармоҳа ба маблағи 500 доллар таъмин мешаванд. Дар баробари ин, маблағи суғуртаи тиббӣ, ҷойи зист, шартномаи таҳсил, роҳкиро ва дигар хароҷоте, ки дар ҷараёни таҳсил сарф мешавад, аз ҷониби фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мегардад.
Мусоҳиб Насриддин ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»
АКС аз бойгонӣ