ТАБРИКОТИ ИСМОИЛЗОДА БАҲРОМ МАНСУР – САРДОРИ САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Устодону омӯзгорон, падару модарон ва хонандагони саодатманд!

29-умин солгарди қабули Қонуни асосии кишвар — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва дар низоми таърихи давлатдории миллии тоҷикон саҳифаи навро оғоз ва дигаргунии куллиро дар ҳаёти ҷомеа ба миён овард, барои ҳар яки Шумо ҳамватанони азиз, самимона табрик мегӯям.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Барнома ва Дурнамои давлатдорӣ – асосҳои сохти конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташкили фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроя ва судӣ, шакли идоракунии давлатии Тоҷикистонро муқаррар ва муайян кардааст, ки он кафили рушди ҷомеаи адолатпарвар ва волоияти қонун мебошад.

Конститутсия чун шиносномаи миллату давлат, Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо номи давлати соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона ба расмият дароварда ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Боиси ифтихор аст, ки қонуни асосии мо дар миқёси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дуюмин Конститутсияи бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшуда мебошад ва аз ҳамон рӯзи таърихӣ то имрӯз мардуми мо ин санаи тақдирсозро ҳамасола чун яке аз ҷашнҳои муқаддаси давлативу сиёсӣ бо шукуҳу тантана таҷлил менамоянд».

Конститутсия пойдевори устувори давлат буда, дар худ арзишҳои пазируфтаи умумиинсонӣ, асосҳои барҷастаи бунёдӣ ва сохтории давлатдориро возеҳу равшан таҷассум намуда, баландтарин арзиши мардуми башар ин шинохтаи озодии инсону истиқлоли ӯст, ки дар Конститутсияи давлати мо пурҷило инъикос ёфтааст.

Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз соҳибихтиёрии халқи тоҷикро аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмият дароварда, ҳамчун шиносномаи давлат раҳнамои тараққиёти муносибати соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ буда, мутобиқи дебочаи он бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор додааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади олии ҳуқуқӣ буда, яке аз вазифаҳои муҳиму асосӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар гирифтани таҳсил ҳисобида, дар моддаи 41 онро чунин ифода кардааст: «Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро кафолат медиҳад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад».

Баъди қабули ин санади тақдирсоз ва таъмини сулҳу ваҳдати комил дар соҳаи маориф ислоҳоти куллӣ ба вуқўъ пайваст. Давра ба давра афзудани сатҳу сифати таҳсилот, қабули ҳуҷҷатҳои муҳиму раҳнамо дар сатҳи давлатӣ, таҳияи барномаҳои таълимӣ, роҳандозии омўзиши амиқи забонҳои русию англисӣ, фанҳои дақиқ ва технологияи иттилоотӣ, бунёд ва таъмиру азнавсозии зиёди муассисаҳои таълимӣ ва муҷаҳҳаз гардонидани таълимгоҳҳо бо таҷҳизот ва технологияи муосир, аз ҷумлаи муваффақият ва дастовардҳои шоистаи соҳаи маориф ба шумор меравад.
Ҳамаи муваффақиятҳо ва қабули санадҳои танзимкунандаи соҳаи маориф дар асоси моддаи 41-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» буда, низоми соҳаи маорифи кишвар ва сиёсати давлатӣ дар соҳаи маорифро танзим намудаанд. Ҳадаф аз қабули чунин санадҳо ин такмил ва таҷдиди низоми маориф, комёб шудан ба дастрасии баробар ба таҳсилот, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар ҳамаи зинаҳои таълимӣ, дастрасӣ ба стандартҳои байналмилалии таҳсилот, риояи ҳуқуқи шаҳрванд ва рушди сармояи инсонӣ мебошад.

Ан ин рӯ, арҷгузорӣ ба Конститутсия вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд буда, руҳияи худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва номуси ватанпарастии ҳар як шаҳрванд нахуст дар эҳтироми шахс ба Конститутсия муайян карда мешавад. Зеро туфайли ҳамин санади муқаддас ба фардои дурахшони Тоҷикистон асос гузошта шудааст.

Бо эътимод метавон гуфт, ки 29 — солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастии ҳар фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи тоза мебахшад.

Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳилаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад.

Бо эҳтироми хоса тамоми ҳамватанони азизамонро ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба хонадони ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон иқболу хушбахтӣ ва файзу осудагиро орзу мекунам.

Бигзор Конститутсия абадан чароғи роҳнамо ва муайянкунандаи самти роҳи пешгирифтаи давлату миллат ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон бошад!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *