
Ҳамдиёрони азиз,Сокинони шарафманди пойтахт!Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.Мардуми шарифи мо ҳар сол санаи қабул гардидани ин санади муҳими сарнавиштсозро бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил менамоянд.Зеро, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои ниҳоят арзишманди даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб меравад ва он дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши муҳим дорад.Ба кулли сокинон кишвар ва пойтахти азизамон ҷашни муқаддасу таърихӣ – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!