КОНСТИТУТСИЯ — САНАДИ ТАҚДИРСОЗ

Қабули Конститутсия имконият дод, ки дар мамалакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда шавад, қонунияту тартибот барқарору ҳукмрон гардад ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 сол сипарӣ мешавад, ки ин санади муҳиму тақдирсоз манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоламонро ҳимояту инъикос намуда, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифии бештар кард.

Боиси қаноатмандӣ ва зикри махсус аст, ки таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва такмили минбаъдаи низоми қонунгузории миллӣ як қатор заминаҳои мусоиду устуворро фароҳам овард. Дар таҳкими ҳадафҳои сиёсии давлат, Ҳукумати мамлакат барои таъмини ҳаёти осудаву ороми халқ ва бартарафсозии оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ҳамзамон, муътадил фаъолият намудани сохторҳои давлатӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ба таври ҳамешагӣ роҳандози гардиданд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаи давлату миллат буда, яке аз дастовардҳои бисёр арзишманди даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб меравад. Дар он номи давлат, сохт ва тартиби давлатдорӣ нишон дода шуда, ҳамзамон низоми ҳуқуқии давлатро муайян намуда, сарчашмаи тамоми қанунҳо маҳсуб меёбад, ки ҳама назди ин қонун баробар ҳуқуқ мебошанд.

Ташаккулёбии ин санади муқаддаси тақдирсоз панҷ давраро дар бар мегирад, ки даври якум соли 1929, даври дувум соли 1931, даври сеюм соли 1937, даври чорум соли 1978 ва даври панҷум бошад, 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, қувваи қонунӣ гирифт. То ба имрӯз се маротиба, яъне санаи 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст.

Конститутсияи мо аз 10 бобу 100 модда иборат буда, яке аз ҳуҷҷатҳои сиёсӣ ба ҳисоб меравад ва таъсири муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Ҳамзамон, Конститутсия қонуни асосии давлат буда, принсипҳои ҳуқуқиро муайян мекунад.

Воқеан ҳам, қабули Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои бузургу беназири даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Ҳамасола санаи қабули ин санади муҳиму тақдирсоз дар саросари кишвари маҳбубамон-Тоҷикистони биҳиштосо бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Таҷлил аз ин санаи муҳими таърихӣ ба тақвият бахшидани ҳисси ватанхоҳиву ватандорӣ, ҳувияти миллӣ, ифтихор аз соҳибистиқлоливу муттаҳидии омма асар гузошта, инчунин ба раванди худшиносиву худогоҳии насли наврасу ҷавонон таъсири амиқу дақиқ расонида, ҳисси миллии шаҳрвандонро нисбат ба арзишҳои милливу давлатӣ боло мебардорад.

Дар ин раванд бояд зикр кард, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ дорад.

Аз 6-уми ноябри соли 1994 то ба имрӯз ҳадафҳои сиёсиву иҷтимоии конститутсионӣ, ки таъмини сулҳу субот, ҳаёти осоиштаву ороми халқ, бартараф кардани оқибатҳои ҷанг, ба созиши миллӣ расидан, ба иқтисоди бозоргонӣ гузаштан, муътадил фаъолият намудани сохторҳои давлатӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои байналмилалӣ ва дигар дастовардҳо ба ҳисоб мераванд, таъмин гардид.

Бо дарки ин масъулият Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба сари қудрат омадани хеш ба ҳайси Роҳбари давлат ба таҳия, қабул ва такмили ин санади таърихӣ ва тақдирсоз асос гузошта, онро дар арсаи Ҳукумат ва миёни омма барои муҳокима пешниҳод намуданд…

Бояд таъкид кард, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 6 ноябр – Рӯзи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар идҳои миллӣ ҷашн гирифта шуда, ҳамчун рӯзи истироҳатӣ муқаррар гардидааст. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки Конститутсия дар давлатӣ демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди мо баробар ба муқаддасоти миллӣ қарор дорад.

Боиси ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонист, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф гардида, аз ҷониби мутахассисони Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо баҳогузории баланд гардида, ба панҷгонаи беҳтарини конститутсияи давлатҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо шомил гардидааст.

Итминони комил дорем, ки Ҷашни 29 — солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми соҳибмаърифату иззатманди кишварамон неруву илҳоми тоза бахшида, ба тақвият додани ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мусоидат намуда, рамзи озодиву мустақилият, эҳёи давлату давлатдорӣ, ватанпарвариву инсондӯстӣ, бошад.

Саодат САНГОВА

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *