Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур ва бо ибтикори бевоситаи Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаи фаннии хонандагони (синфҳои 5-11) муассисаҳои таълимии ноҳияи Шоҳмансур оғоз гардид.
Ҳадаф аз баргузории Олимпиадаи мазкур баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба илмомӯзӣ, ташаккули тафаккури мантиқии хонандагон, дарёфт намудани хонандагони болаёқат ва рушди қобилияти зеҳниву эҷодии онҳо ба ҳисоб меравад.
Даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаи фаннии хонандагони (синфҳои 5-11) муассисаҳои таълимии ноҳияи Шоҳмансур рӯзҳои 2-6-уми ноябри соли равон дар қисмати пагоҳирӯзӣ баргузор карда мешавад.
Лозим ба зикр аст, ки дар соли таҳсили 2023-2024 дар даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаи фаннии хонандагон (синфҳои 5-11) 3950 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия аз рӯйи 13 фанни таълимӣ байни ҳам сабқати донишу заковат менамоянд. Аз шумораи дар боло зикршуда 3760 нафар хонандагон ғолибони даври якуми (муассисавӣ) ба шумор рафта, 190 нафари дигар хонандагоне мебошанд, ки тариқи дархости иловагӣ номнавис шудаанд.
Иштирокчиёни даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаи фаннии хонандагони (синфҳои 5-11) муассисаҳои таълимии ноҳияи Шоҳмансур аз ҳисоби муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 3203 нафар хонандаро ташкил дода, 747 нафар хонандаи дигарро хонандагони литсей ва гимназияҳои ноҳояи Шоҳмансур новобаста аз шакли тобеияташон ташкил медиҳанд.
Бояд қайд намуд, ки шумораи иштирокчиёни даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаи фаннии хонандагони (синфҳои 5-11) муассисаҳои таълимии ноҳияи Шоҳмансур назар ба соли таҳсили 2022-2023 5% зиёдтарро ташкил медиҳад.
Дар рӯзи аввали баргузории даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаи фаннии хонандагон (синфҳои 5-11) 765 нафар хонанда аз рӯйи фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ва таърих донишу заковати худро санҷиданд.