1 ноябри соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ даври ноҳиявии олимпиадаҳои фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва фанҳои табиӣ-риёзӣ миёни хонандагони синфҳои 5-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва литсейю гимназияҳои ҳудуди ноҳия оғоз гардид. Дар он муовини раиси ноҳия Шарифзода Н. Д., директори Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» Муқимӣ Д., мудири шуъбаи маориф, омӯзгорону волидон ва хонандагон иштирок намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ масъулин иброз доштанд, ки соҳаи маориф дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятнок пазируфта шудааст. Яке аз ҳадафҳое, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифтааст, баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди ҳаракати олимпӣ ва дар ин замина омода намудани кадрҳои боистеъдод барои бозори меҳнати дохилӣ ва байналмилалӣ мебошад. Баргузории олимпиадаҳои фаннӣ барои баланд бардоштани рӯҳия ва масъулияти хонандагон саҳми арзандаи худро расонида, баҳри рушди соҳаи маориф замина фароҳам меорад.