МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ОРИФОН”

15 июни соли 2022 дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе” аз ҷониби Ташкилоти ибтидоии “Орифон”-и Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 2022, №4, барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз 24 майи соли 2022, №24“ ва нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар бораи гузоронидани маъракаи ҳисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, ҳамзамон, раиси Ташкилоти ибтидоии “Орифон” Исмоилзода Баҳром Мансур, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, муовинони раисони ноҳияҳои И.Сомонӣ Шарифзода Дилбар, Сино Каримова Ашурбӣ, Фирдавсӣ Шукурова Саодат, Шоҳмансур Нурляминова Саида, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор, кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони сохторҳои тобеи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва роҳбарони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва миёнаи умумии новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор шуд.Тибқи рӯзнома, нахуст ҳисоботи раиси Ташкилоти ибтидоии “Орифон” Исмоилзода Баҳром Мансур оид ба фаъолияти ташкилот дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то давраи моҳи июни соли 2022 ироа гардид. Қайд карда шуд, ки ташкилот дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти назаррас нишон дода, оид ба амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ корҳои назаррасеро ба анҷом расонидааст.Дар ҳисоботи Исмоилзода Баҳром Мансур зикр гардид, ки сиёсати хирадмандонаю маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавъам буда, татбиқкунандаи ин сиёсат дар соҳаи маориф сохторҳои марбутаи соҳа ба ҳисоб мераванд. Бояд тазаккур дод, ки Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, ҳамчун сохтори татбиқкунандаи сиёсати давлат дар соҳаи маорифи пойтахт, ки ҳамчун соҳаи афзалиятноки кишвар маҳсуб меёбад, 33 нафар кормандонро, ки ҳамаашон аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд, дар ташкилоти ибтидои “Орифон” муттаҳид намудааст. Мавриди зикр аст, ки аъзои ҳизб дар раванди фаъолияти кории худ дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дигар мақомотҳои болоии соҳаро сармашқи кор қарор дода, баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе, инчунин, таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардондани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодию техникӣ тадбирҳои амалӣ андешида истодаанд.Ташкилоти ибтидоии “Орифон” дар фаъолияти худ дар давоми як сол аз моҳи июни соли 2021 то имрӯз 6 маротиба ҷаласаҳои худро баргузор намуда, масъалаҳои гуногуни ҳизбию сиёсиро мавриди муҳокимаю баррасӣ қарор додааст. Ҳамзамон, аз ҷониби аъзоёни ҳизб беш аз 500 вохӯрию мулоқотҳо дар мавзуҳои гуногун бо омӯзгорону хонандагон ва падару модарон гузаронида шуда, ба иштирокчиён оид ба сиёсати дурбинонаю созандаи Сарвари давлат, ки аз Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, суҳбатҳо гузаронида шудааст. Соҳаи маорифи пойтахт дар татбиқи сиёсати хирадмандонаю ободкоронаи Раиси муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол бо натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодааст.Бояд тазаккур дод, ки дар бурдани корҳои таблиғотӣ оид ба расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз 21 декабри соли 2021 бармеояд, аҳли маорифи пойтахт, бахусус аъзоёни Ташкилоти ибтидоии “Орифон” фаъолона иштирок намуда, корҳои таблиғотию ташвиқотиро роҳандозӣ намуданд.Ҳамзамон, метавон ғамхориҳои беназири Раиси муаззами ҳизбро дар ҷодаи дастгириҳои ҳамаҷонибаи соҳаи маорифи пойтахт ёдовар шуд. Ин пеш аз ҳама фароҳам овардани имконияти муосири таҳсил, сохтмони босуръати муассисаҳои таълимӣ, дастрасӣ ба навгониҳои ҷаҳонии таҳсилот, бо мақсади солимии минбаъдаи насли ояндасози кишвар сохтмони садҳо майдончаю толорҳои варзишӣ ва ғайра, аз ҷумлаи ин дастгириҳо мебошанд.Дар музокира аъзои фаъоли ҳизб Бобозода Асомиддин ва Сатторзода Дилшод суханронӣ намуда, фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Орифон”-ро қаноатбахш ҳисобиданд.Ҳамзамон, вобаста ба муҳокимаи масъалаи дуюми рӯзнома раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор доир ба масъалаи интихоби раис ва муовини Ташкилоти ибтидоии “Орифон” суханронӣ намуданд, бо пешниҳоди Бобохонова Ситора Сафаралиевна ва Худоёрзода Эмомалӣ ва бо дарназардошти фаъолияти пурмаҳсули сиёсиву ташкилӣ ва натиҷаҳои назарраси соҳавӣ бо ҷонибдории аксарияти аъзои ҳизб Исмоилзода Баҳром Мансур ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Ёров Аслиддин ба ҳайси муовини раиси Ташкилоти ибтидоии “Орифон” интихоб гардиданд.Оид ба масъалаи сеюми рӯзнома бо пешниҳоди Сатторов Амирҳамза 5 нафар — Исмоилзода Баҳром Мансур раиси Ташкилоти ибтидоии “Орифон”, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Ёров Аслиддин муовини раиси Ташкилоти ибтидоии “Орифон”, сармутахассиси раёсати таъминоти методӣ, Худоёров Фарҳод Табарович муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Бобохонова Ситора Сафаралиевна муовини сардор- сардори раёсати таъминоти методии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Бобозода Асомиддин сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аъзои раёсат интихоб карда шуданд.Вобаста ба масъалаи чоруми рӯзнома бо пешниҳоди Каримов Абдураҳим Ҳасанов Ҳусниддин раиси Комиссияи кор бо ҷавонон ва роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятиии ҷавонон“Созандагони Ватан”-и Ташкилоти ибтидоии “Орифон” ва Ғайбуллоева Латофат раиси Комиссияи кор бо занони Ташкилоти ибтидоии “Орифон” интихоб карда шуданд.Аз рӯи масъалаи панҷум бо таклифи Бобозода Асомиддин, Исмоилзода Баҳром Мансур ҳамчун вакил аз Ташкилоти ибтидоии «Орифон» ба Конференсияи ноҳиявӣ пешниҳод гардид.Сипас бо пешниҳоди аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ раиси ташкилот, муовини ӯ, масъулини комиссияҳои кор бо ҷавонон ва занон, як нафар вакил ба Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур интихоб гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.Сипас, муовини Раиси шаҳри Душанбе — Одилзода Дилбар зимни суханронии худ тазаккур дод, ки ҲХДТ дар тарбияи кадрҳои болаёқат, дорои маърифати баланди ахлоқӣ, босадоқат ба давлату миллат саҳми муносиб дорад. Ҳамзамон, оид ба тарбия интихоб ва ҷобаҷогузории мутахассисон дар соҳаи маориф тавсияву дастурҳо доданд.Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим оид ба татбиқи ҳадафмандонаи Барномаи ҲХДТ, сиёсати созандаву бунёдкоронаи Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тарғибу рушди идеологияи миллӣ дар давлатдории миллӣ суханронӣ намуданд.Юсуфӣ Хайриниссо-муовини Раиси ҲХДТ зимни суханронии худ афзуд, ки ҲХДТ ҳизбест, ки ҳама дороӣ, қудрат ва сиёсатро дар хизмати халқ гузошт. Бо дастгирии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи амалии Барномаи ҲХДТ як зумра муассисаҳои таълимию томактабӣ, синфхонаҳои иловагӣ ва майдончаҳои варзишӣ дар пойтахти кишвар бунёд шуданд. Таъкидан ёдовар шуданд, ки аз ҳисоби омӯзгорони фаъолу ташаббускор ва содиқ, сафи аъзоёни содиқи ҲХДТ-ро тақвият бахшидан зарур аст. Омӯзгорони ботаҷриба ва фаъол дар масири ҳимояи манфиатҳои миллӣ корро вусъати тоза бахшанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба муқобили гурӯҳҳои ҳангомабоф, ғаразнок ва ифротгаро вокунишҳои саривақтӣ ва сазовор додан лозим аст.Инчунин, бобати баланд бардоштани иродаи сиёсии халқ, мавқеъ ва нуфузи ҳизб дар ҷомеа, тақвият бахшидани ҳаракати аъзои ҳизб, кор бо ташкилотҳои ибтидоӣ, ба тақвият бахшидани эҳсоси худшиносию худогоҳии миллӣ суханронӣ намуд.Дар рафти маҷлис ба чанде аз роҳбарону кормандон ва омӯзгорони фаъоли пойтахт ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур супорида шуд.Ҳамзамон, қайд намудан ба маврид аст, ки ҷиҳати иҷрои талаботи банди 5-и нақшаи чорабиниҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе оид татбиқи “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” моҳи майи соли ҷорӣ байни омўзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт озмуни мақолаи беҳтарин, иншои беҳтарин ва расми беҳтарин дар мавзӯи «Мубориза бо коррупсия қарзи виҷдонии ҳама» ташкил ва баргузор карда шуд.Аз ҷониби ҳайати ҳакамони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе озмуни мазкур натиҷагирӣ карда шуда, ҷамъбаст гардид.Ғолибони озмуни мақолаи беҳтарин дар мавзуи «Мубориза бо коррупсия қарзи виҷдонии ҳама» Шарипова 3убайда — директори Муассисаи таълимии “Мактаб-интернати №3 барои кўдакони имконияташон маҳдуд” сазовори ҷойи якум, омўзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №93-и ноҳияи Сино Шарипова Зулфия сазовори ҷойи дуюм, хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72-и ноҳияи Фирдавсӣ Толибшозода Меҳрангез сазовори ҷойи якум, хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и ноҳияи Сино Сафарова Моҳпарӣ сазовори ҷойи дуюм, хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Сино Ваҳобова Омина сазовори ҷойи дуюм, хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №96-и ноҳияи Сино Носиҳов Ҳуҷҷатулло сазовори ҷойи сеюм, хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и ноҳияи И.Сомонӣ Давлатова Фариза сазовори ҷойи сеюм, хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и ноҳияи Шоҳмансур Акбарова Фарзона, озмуни расми беҳтарин дар мавзуи «Мубориза бо коррупсия қарзи виҷдонии ҳама» хонандаи синфи 6-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и ноҳияи И.Сомонӣ Садикова Гулноза сазовори ҷойи якум, хонандаи синфи 8-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №77-и ноҳияи Фирдавсӣ Олимова Дилноза сазовори ҷойи дуюм, хонандаи синфи 6-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и ноҳияи И.Сомонӣ Сафарова Мамлакат сазовори ҷойи дуюм, хонандаи синфи 6-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62-и ноҳияи И.Сомонӣ Юсупова Миҷгона сазовори ҷойи сеюм, хонандаи синфи 6-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7- и ноҳияи И.Сомонӣ Ҳоҷиев Эҳсон сазовори ҷойи сеюм, хонандаи синфи 4-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и ноҳияи Фирдавсӣ Одилбеков Умар сазовори ҷойи сеюм дониста шуда, баъди ҷамъбасти маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.Дар хотимаи маҷлис сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур ба меҳмонон барои иштирок дар кори маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ изҳори сипос намуда, ба онҳо маҷмуи ашъори навқаламони пойтахт «Килки сабз» тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *