БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ҶИҲАТИ ТАТБИҚИ ФАРМОИШИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ

Бо иқдоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе 17 июни соли 2022 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и ноҳияи Шоҳмансур ҷиҳати иҷрои фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли2022, №901 “Дар бораи таъсиси гуруҳи корӣ” бо иштироки сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Бобозода Асомиддин, сармутахассиси Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагии назди Вазорати маорифи ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримов Тоҷиддин ва муовинони директор оид ба тарбияи муассисаҳои таълимӣ семинари омӯзишӣ ҷиҳати пурзӯр намудани тарбияи хештаншиносию ватандӯстӣ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ ва хурофотпарастӣ, инчунин, шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро баргузор гардид.Дар семинар зикр гардид, ки мардуми соҳибтамаддуни мо ба таълиму тарбияи фарзанд аҳамияти махсус зоҳир карда, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ пайваста талош меварзанд. Маҳз таҳкими оила, таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушду нумӯи ҷомеа, мустаҳкамии қудрати мамлакат ва побарҷойии арзишҳои миллиамон ба шумор меравад. Барои несту нобуд сохтани мушкилиҳои дар ин самт ҷойдошта ва сади роҳи ин падидаи номатлубро гирифтан, инчунин ҷавонону наврасонро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ тарбия намудан ва ба хотири боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтироми арзишҳои милливу умумибашарӣ, риояи меъёрҳои одобу ахлоқи ҳамида, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ ва хурофотпарастӣ, инчунин, шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва ба роҳи рост ҳидоят намудани фарзандонамон дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардидааст. Ин қонун барои беҳдоши ҳаёти кӯдакон, коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни онҳо замина гузошта, масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд боз ҳам зиёдтар мегардонад. Қонуни мазкур аз соли ба тавсиб расиданаш то ҳол натиҷаҳои назарраси пешгиркунандаи ҳуқуқвайронкунии кӯдакону наврасонро нишон додаст.Аз ҷониби масъулин дар идома зикр гардид, ки ояндаи миллат вобаста ба таълими фарзанд аст, аз ин хотир волидони имрӯзаро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар талош бошанд, ки баҳри рӯҳияи насли наврас ба вуҷуд овардани ҳисси меҳандӯстиву худшиносии миллӣ асос гузорад.Таҷрибаи ҳаётии мо волидайн собит намуд, ки ба таълиму тарбияи насли наврас ҳар соату дақиқа эътибори хоса зоҳир намудан зарур аст.Ҳар як падару модарро зарур аст, ки ин вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандиро хуб дарк намуда, фарзандони худро бо роҳи дуруст, анҷоми амалҳои тақдирсоз, омӯзиши илму ҳунар ва азхуднамоии техникаву технологияҳои муосир, ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободониву созандагии Ватани азизамон — Тоҷикистон, ҳидоят кунанд ва тавонанд, ки дар оянда аз фарзандони содиқу номбардори миллати худ ифтихор намоянд.Дар идомаи семинар муовинони директор оид ба тарбияи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №56 Бойкузиева Зебунисо, №86 Ташрипов Хуршед ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №113 Ёров Таваккал вобаста ба роҳҳои муосири пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ ва хурофотпарастӣ, инчунин, шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва дар ин замина тарбияи хештаншиносию ватандӯстӣ ибрози андеша намуданд.Боиси зикр аст, ки дар доираи фармоиши мазкур рӯзҳои 15-16 июни соли 2022 дар шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт бо иштироки директорони муассисаҳои таълимӣ чунин семинарҳои омӯзишӣ баргузор гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *