Имрӯз, дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» доир гардида, гирандагони «Шоҳҷоиза» ва ғолибони озмун қадршиносӣ карда мешаванд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар даври ниҳоии озмун, ки аз 24 то 28 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуд, 115 довталаб аз тамоми минтақаҳои мамлакат иштирок намуданд. Аз ҷумла, дар он аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 19 нафар, вилояти Хатлон- 24 нафар, вилояти Суғд- 24 нафар, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ- 24 нафар ва шаҳри Душанбе 24 нафар, дар маҷмуъ, 115 нафар иштирок доштанд.
Ҳадаф аз баргузории озмун арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон давоми таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, мебошад.
Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» соли аввал аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, ҳадафи он дарёфти чеҳраҳои нав, наврасону ҷавонони лаёқатманд, худшиносу худогоҳ, ватандӯст ва таърихдон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар даври якуми озмун 140 ҳазору 787 нафар, дар даври дуюм 16 ҳазору 994 нафар ва дар даври сеюми озмун 1605 нафар иштирок намуданд.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон