Соҳаи маориф дар сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақоми аввал қарор дошта, сол то сол нисбат ба ин соҳа таваҷҷуҳ бештар зоҳир мегардад. Ин нуктаро муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода дар ҷаласаи машваратӣ – ҳисоботии компонентҳои лоиҳаи «Татбиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки дар Душанбе бо иштироки кормандони соҳаи маорифи мамлакат ва шарикони рушд доир гардид, баён намуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, мақоми омӯзгор дар ҷомеа, беҳтар намудани мазмуну мундариҷаи маводу китобҳои дарсӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон, татбиқи муносибати босалоҳият дар раванди таълиму тарбия ва дастгирии дохилимактабии омӯзгорон баррасӣ гардид.
Инчунин дар ҷаласа гузоришҳои президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён оид ба «Муносибат ба таҳияи маҷмӯи маводи таълимиву методӣ аз фанни математика ва забони тоҷикӣ дар доираи ислоҳоти миллии гузариш ба таҳсилоти босалоҳият», ректори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзиии кормандони соҳаи маориф Ҷамшед Намоззода доир ба «Фаъолияти гурӯҳҳои корӣ ва аз такмили ихтисос гузаронидани омӯзгорон» ва дигар кормандони соҳаи маориф шунида шуд.
Вобаста ба масъалаҳои ироагардида байни иштирокдорон табодули афкор доир гардид. Дар анҷоми ҷаласа дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтии стратегия, барнома, консепсия ва нақшаву дурнамоҳои рушди маориф дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон