Барои омӯзгорони шаҳри Душанбе маҷаллаи «Маориф: таҳлил ва иттилоот» таъсис ёфт

Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ — иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” ба таваҷҷуҳи омӯзгорони шаҳри Душанбе ва тамоми алоқамандони соҳаи маориф мерасонад, ки бо мақсади нашри мақолаҳои таълимӣ, методӣ, таҳлилӣ, илмӣ, омавӣ, баррассии мушкилотӣ соҳа ва ёрии методӣ ба омӯзгорон дар назди Марказ маҷаллаи “Маориф: таҳлил ва иттилоот” таъсис ёфта аст, бинобар ин, ҳамаи Шуморо ба ҳамкорӣ даъват менамоем.

Ҳадафи маҷалла мусоидат ба рушди илмҳои педагогикӣ, равоншиносӣ, инъикоси фаъолияти пурсамари аҳли маорифи пойтахт, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии пойтахт ва пӯшиши дигар паҳлуҳои соҳа мебошад.

Устодон ва омӯзгорони гиромӣ!

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Шуморо ба ҳамкорӣ даъват менамояд. Шумо метавонед, аз ин минбар таҷрибаи худро паҳн созед. Агар Шумо мақолаҳо дар самти дастовардҳои илмҳои педагогикаву психология, мактабшиносӣ, усулҳои муосир ва пурсамари тадриси фанҳои таълимӣ ва ғайра дошта бошед, бо мо ҳамкорӣ намоед.

Ҳайати эҷодии маҷалла барои нашри мақолаҳои Шумо омодаанд.

Нашри мақола дар маҷалла ройгон аст.

Маҷаллаи “Маориф: таҳлил ва иттилоот” аз Шумо ва барои Шумост!

_____________

Нишонӣ: ш.Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода — 8/1А

E-mail: majalla@mti-dushanbe.tj

Телефон: +992-37-227-31-43; +992-900-48-53-35

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *