ИДОМАИ ВОХӮРИҲО ТАҲТИ УНВОНИ «БА МУҚОБИЛИ ОМИЛҲОИ НОМАТЛУБ ЯКҶОЯ МУБОРИЗА МЕБАРЕМ»

-26 фоиз камшавии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ҳолати 01.11.2023

-пешгирии муомилоти маводи тарфгарӣ, махсусан «хлопушка» ҷиҳати таъмини оромӣ ва бехатарии шаҳрвандон дар остонаи таҷлили Соли нави мелодӣ

11 декабри соли 2023 дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштарак бо иштироки сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе полковники милитсия А.Шоҳиён ва сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе А.Бобозода бо ҳайати омӯзгорону хонандагони муассисаҳоии таҳсилоти миёнаи умумии №101-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вобаста ба масоили марбут ба ҳамкориҳои тарафайни мақомоти ҳифзи ҳуқуқу маориф ва оила вохӯрӣ баргузор гардид.

Баромадкунандагон, атрофи масоили пешгирии ҳолатҳои шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, муноқишаҳои байнимактабӣ, воридшавии ноболиғон ба марказҳои дилхӯшӣ ва интернет-кафеҳо, авбошии ноболиғон ва пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки ноболиғон ибрози андеша намуданд.

Инчунин, оид ба машғул шудан ба варзиш, бурдани тарзи ҳаёти солим, донишомӯзиву хониши намунавӣ, эҳтироми волидону устодон, садоқату муҳаббат ба халқу Ватан ва дурӣ ҷӯстан аз рафиқону ашхоси ҷиноятпеша ва амалҳои ғайриқонунӣ суханрониҳо карда шуда, наврасонро бо омӯзиши илму маърифат ва рафтору гуфтори намунавӣ ҳидоят намуданд.

Ҳамзамон, баромадкунандагон аз содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳову қонуншиканӣ ва дигар амалҳои ношоиставу оқибатҳои ногувори он, садамаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки ноболиғон мисолҳо оварда, аз дастоварду натиҷаҳо, рушду тараққиёт ва ободу зебо гаштани Ватани азизамон ёдоварӣ намуда, махсус қайд намуд, ки вазифаи аввалиндараҷаи шумо наврасону хонандагон ин таҳсили аъло ва рафтори шоистаи таҳсин мебошад.

Қайд кардан зарур аст, ки чунин вохӯриву сӯҳбатҳои муфид дар дигар муассисаҳои таълимии пойтахт, низ ба нақша гирифта шудаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *